Доду фиғони аҳли хонадон ба фалак печида, садои нолаи ҷонсӯз гӯиё синаи осмонро медарид...
Занҳо рӯю мӯяшонро канда, навҳа мекашиданд, мардон ҷомаи мотамӣ дар тан сархам нишаста буданд...
Падару модар, хоҳару бародар, хешу ақрабо хун мегиристанд...
Ду шаҳбачаи ғарқи хун бо манаҳи баста рӯйи хона хобида буданд...
Дар як рӯз аз як хона ду тобут баромад. Тобути ду бародар.
Ин даҳшат буд. Даҳшат!!!
Ин ҳодисаи ваҳшатнок субҳи 21-уми сентябр, тахминан соатҳои 6.30 дақиқа рӯй дод. Шодмони 36-солаю Аюбхоҷаи 25-сола дар шоҳроҳи Душанбе-Хӯҷанд-Чаннок ҳаракат карда истода, чашм аз манзараҳои зебои атроф намеканданд. Ин ду бародар ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки ин кӯҳҳои осмонбӯс, таппаҳои зарандуд ва хуршеди тобонро бори охир дида истодаанд, аммо...
Дар мавзеи Айнӣ Мерседес мисли аспи ҷавмаст якбора ба саркашӣ шурӯъ намуд. Шодмон ҳарчанд бо тамоми қувват кӯшиш мекард, ки мошинро нигоҳ дорад, ин кор ба ӯ даст намедод. Аждаҳои марг гӯиё қасди ҷони ин ду ҷавонмарди Рустамбозу дошту бераҳмона мошинро ба коми худ мекашид. Ҳамин тавр дар як мижа задан Мерседес аз баландии 150 метр ба қаъри ҷарӣ афтид...
Дар натиҷаи ин садамаи хунин бародарон Шодмон Ҳошимови 36-сола ва Аюбхоҷа Ҳошимови 25-сола ҷони ширини худро аз даст доданд.
Ҷанозаи ду бародар дар зодгоҳашон-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барпо гашта, дӯстону пайвандон бо нолаҳои ҷигарсӯз ду тобути ғарқи хунро ба водии хомӯшон бурданд...
Ҳамин аст фарҷоми умри одамӣ...
Пас биёед ба қадри ҳар як лаҳзаи ҳаёт, ба кадри ҳар як нафасе, ки мекашем, ба қадри ҳамдигар бирасем, зеро ба қавли Ҳазрати Бедил:
Як ваҷаб роҳ аст Бедил, аз ту то домони хок,
Дар сари миҷгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!