Аз сироятёбии вируси мудҳиши корона дар рӯи дунё танҳо ду давлат эмин мондааст.
Субҳи 3-юми апрел дар сомонаҳои интирнетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари фавти марди 60-солаи аз бемории коронавирус дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд паҳн гардид, ки мардумро ба таҳлукаву ташвиш овард. Барои боварӣ ҳосил кардани ба хабари мазкур хабарнигори сомонаи “Оила” бо сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд суҳбати телефонӣ анҷом дод, ки фишурдаашро манзуратон манамоем:
- Салом. Ин шумораи Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд аст?
- Бале
- Мо аз сомонаи “Оила” ба шумо занг мезанем. Мехостам оиди то чӣ андоза асос доштани марги марди 60–соларо аз коронавирус муайян созем. Назари Шумо дар робита ба ин иттилоъ чист?
- Ин марди 60 - сола санаи 28 – уми март ба беморхонаи Ҷаббор Расулови бо аломатҳои доштани бемории шаддиди роҳи нафас бистарӣ гардид. Табибон ҳама чораҳоро диданд, вале мард рӯзи 3 апрел аз олам даргузашт. Дар натиҷаи таби баланд доштатнаш табибон барои муайян кардани беморӣ ташхисҳои тиббии марҳумро ба беморхонаи марказии шаҳри Душанбе фиристодем. Натиҷаи ҷавоби ташхисҳо манфӣ баромад, ки дар асоси он тамоман дар организими ин мард аломатҳои коронавирус дида намешавад. Пурсу ков ва гузаронидани ташхисҳои такрорӣ аз ҷониби табибон муайян намуд, ки маҳрум то охири умр ба ягон давлати хориҷӣ сафар надоштааст. Оиди он ҳангомаҳое, ки гӯё ин мард коронавирус бошаду нав аз Қирғизистон аз кадом тӯй баргаштааст, асос надорад.
Акбар Ғуломов барои пешгирӣ аз коронавирус ним миллион сомонӣ ҷудо кард
- Саломат бошед! Ҳамагон медонем, ки вилояти Суғд ҳамсарҳади давлати Узбекистон аст. Барои пешгирӣ аз коронавирус то имрӯз кадом чораҳоро андешида истодаед?
- Дар асоси дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ ва нақшаву чорабиниҳои ситоди вилоятӣ тамоми чораҳо ҷиҳати пешгирии ин беморӣ амалӣ шуда истодаанд. Бояд ба диққати хонандагони шумо расонам, ки зиёда аз 2400 нафар айни ҳол дар карантин қарор доранд. То имрӯз 1000 нафар баъди 14 - рӯзи назорат аз карантин озод шудаанд ва таҳти назорати табибон мебошанд. Вуҷуд доштани бимории коронавирус дар вилояти Суғд ягон асос надорад. Таоми чораҳо зери назорати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита худи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафта истода, ҳамарӯза ситоду ҷаласаҳои фаврӣ гузаронида мешаванд. Инчунин, барои пешгириӣ ин беморӣ тозакунии гулгаштҳои ва хонаҳои истиқоматӣ ташкил шуда истодааст. Он сару садоҳое, ки дар сомонаҳои интернетӣ мавҷуданд, беассос буда, то имрӯз дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна бемории коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст.
- Ташаккури зиёд барои суҳбат!
Духтар аз Туркия коронавирус оварду...
P. S:
Хонандагони азиз, Шумо метавонед баъди чанд лаҳза фишурдаи суҳбати хабарнигори моро бо сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар ютюб - канали Оила тамошо кунед.
Короновирус нест! Вазорати тандурустӣ овозаҳоро рад кард (навор)