Бинобар иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон, 26 марти соли равон зани 72 сола, ки аз коронавирус сироят ёфта буд, дар беморхонаи марказии сироятӣ ҷон ба ҷонофари супурд. Марҳум бо исми Р. аз Намангон буда, аз сабаби бемориҳои дарозмуддат тайи чанд вақт дар зери назорати диспансерӣ қарор дошт.
Дирӯз тақрибан соати 23:00 дар натиҷаи ташхиси лабораторӣ муайян гардид, ки ӯ аз коронавирус сироят ёфтааст. Тасдиқ гардид, ки ин зани солхӯрда аз духтараш бо исми М, ки 12 март аз Туркия баргаштааст, сироят ёфтааст. Духтараш мубталои вируси COVID-19 буда, ҳоло дар карантин қарор дорад.
Шарҳи мутахассис: Роҳҳои пешгирии коронавирус дар деҳаҳо (ВИДЕО)
Марҳум солиёни зиёд аз сабаби бемории қанд, касалии дил ва дигар намуди бемориҳо аъзият мекашид. Субҳи имрӯз, тақрибан соатҳои 04:30 ӯ аз сабаби сактаи шадиди миокард (навъи бемории дил) вафот кард.
Мавриди тазаккур аст, ки шумораи сироятшудагон аз коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз дар маҷмӯъ 83 нафарро ташкил медиҳад.