toyota motors
“Эвертон” ва “Манчестер Сити” мусовӣ карданд, “Арсенал” фоида дид
05.05.2026
Oila.tj
52

Дар доираи бозиҳои даври 35-уми Премйер-лигаи Англия дастаҳои “Эвертон” ва “Манчестер Сити” ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Хилл Дикинсон”-и шаҳри Ливерпул баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 3 бар 3 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ҳисобро дар дақиқаи 43-юм вингери “Манчестер Сити” Жереми Доку боз кард. Дар нимаи дуюм Тимо Барри дар дақиқаи 68 ҳисобро баробар намуд. Пас аз панҷ дақиқа Ҷейк О'Брайен гол зада, “Эвертон”-ро ба пеш баровард.

Дар дақиқаи 81-ум Барри дубл карда, бартарии соҳибони майдонро афзун намуд. Дар дақиқаи 83-юм Эрлинг Ҳоланд гол зада, ҳисобро 2 бар 3 намуд. Дар дақиқаи 90+7 Доку дубл карда, ҳисобро 3 бар 3 намуд.

Пас аз ин бозӣ “Эвертон” бо 48 имтиёз дар зинаи 10-ум қарор дорад. “Манчестер Сити” бошад, бо 71 имтиёз дар мақоми дуюм ҷойгир аст. “Арсенал” бо 76 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда “Эвертон” рӯзи 10-уми май меҳмони “Кристал Пэлас” мешавад. “Манчестер Сити” бошад, рӯзи 9-уми май дар майдони худ “Брентфорд”-ро қабул мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД