Arzon march 2024
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко масъалаи муҳоҷиронро баррасӣ карданд
750

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва спикери Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко масъалаи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо спикери Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко дар баробари мушкилоти раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамчунин дигар мавзуҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре маркази матбуоти Сарвари давлат хабар додааст, зимни мулоқот ба масъалаи ҳамкории ду давлат дар соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода шудааст.

"Рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, илму техника ва танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзуҳои марказии суҳбат буданд”,- навиштааст манбаъ.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намудаанд, ки ин мулоқот барои густариши ҳамкорӣ ва муносибатҳои ду давлат заминаи наверо фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД