Маҳсулоти лозима:
280 грамм – об
200 грамм– орд
100 грамм – маска
4 дона – тухм
Барои ороиш:
500 грамм – шир
200 грамм – шакар
50 грамм – орд
40 грамм – равғани маска
100 грамм - қаймоқ
100 грамм – шоколади сиёҳ
150 грамм – шоколади сафед
Тарзи таҳия:
Дар аввал зарфро дар оташи паст мемонем ва дар он 1 стакон об ва равғани маскаро меандозем. Баъд 1 стакон орд илова карда, беист мекобем. Хамирро дар зарф мегирем то хунук шуданаш нигоҳ медорем.
Барои маҳлул ( крем ) дар зарфи дигар, дар оташи паст шир, шакар, 1 дона зардии тухм, 1 қошуқ крахмали кукурузӣ, 2 қошуқ орд, илова карда, то ҷуш омаданаш мекобем. Баъдан ба он 5 грамм ванелин, 40 грамм равғани маска илова карда то якранг шуданаш мекобем. Хамири эклерро, ки хунук шуд, ба он 4 дона тухм ва 1 сафедии тухмро як – як илова карда бо миксер лат мезанем. Хамир ки омода шуд онро ба қолабаки махсус ё ба гулмонак мегирем.
Ба қолаб равған молида, ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва хамирро дар он мегирем. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 40 дақиқа то пӯхтанаш меистад. Маҳлул (крем) ки хунук шуд онро бо миксер лат мезанем. Ба он қаймоқ илова карда боз бо миксер то якранг шудани маҳлӯл лат мезанем.
Эклерҳои пухташударо то хунук шудан нигоҳ медорем. Пирожниҳои пухташударо бо корд байнашонро бурида, малҳамро дар байнаш мемолем. Шоколадҳоро об мекунем ва эклерҳоро бо он оро медиҳем.