Arzon march 2024
Ёди раиса
1953

Зани пире кўдаки парпечеро ба назди директори хонаи бачаҳо оварда гуфт:

-Бачам, аз ноҳияи дурдасти кўҳистон омадам, духтару домодам аз хўрдани гандуми заҳролуд шуда, ба бемории ҷигар гирифтор шуда, вафот карданд. Шаш кўдакашон сағира монд, калониҳоро хешу табор тақсим карда гирифтанд, ду хурдияш ба ман монд, яктааш сесола, инаш шашмоҳа, зўрам намерасад…

Кампир ин суханҳоро гуфту кўдакро рўйи мизи духтури солдида, ки солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ хонаи бачагони маркази вилоятро сарварӣ мекард, гузошт. Чашмони хастаю бехоби кампир ашк надоштанд, аммо китфакони харобаш зери куртаи обшўстаи гардӣ меларзиданд. Духтур намедонист ин модари ғамзадаро чӣ гуна тасалло диҳад, ў оби чашмашро ба зӯр нигоҳ дошта, назди парпеч рафт ва онро кушод.

Даруни парпеч тифлаки пӯсту устухоне хоб буд, ки ба кўдаки шашмоҳа ҳеҷ монандӣ надошт. Духтарчаи абрўсиёҳи ҷингиламў нафаси духтурро дар рўяш эҳсос карда, бедор шуд ва ба рағми ин ҳама талхиҳои тақдир табассуми ширинеро ба табиб ҳадя кард. Аз ин табассуми беғаши кўдак дар лабони духтур низ табассум давид ва дояҳоро ҷеғ зад то кўдакро гиранд. Барои кампир чою нон ва дар як коса нахӯдшурбо оварданд, духтур ҳуҷҷатҳои овардаи кампирро аз назар гузаронида, тифлакро ба хонаи бачаҳо қабул кард.

Кампири Гулхумор аз маркази вилоят то деҳа навори хотираҳояшро тагу рў карду гирист…

Гулхумор ҳамагӣ панҷоҳ сол дошт, вале ғаму дарду кулфати зиндагӣ ўро ба пиразани ҳафтодсола монанд карда буданд. Ў дар деҳае, ки зиндагӣ мекард, ягон хешу табор надошт, наздиктарин шахсони ў шогирдонаш ва қудояш буданд.

Гулхумор аслан қазоқ буд, вале зиндагӣ ўро ба Тоҷикистон овард. Замоне ў бедарду беғам донишҷўйи омўзишгоҳи педагогӣ буд, байни шаш бародар духтари ягона буду нозаш харидор дошт. Падару модараш омўзгор буданду духтари ягонаашон низ пайрави онҳо будан мехост ва волидайн иҷозат доданд. Дар наздикии омўзишгоҳи онҳо қисми ҳарбӣ воқеъ буд ва духтарони донишҷў гоҳ-гоҳ бо сарбозон вохўрда, бо онҳо сўҳбат мекарданд.

Боре дар як шаби рақс Гулхумор бо Шариф, ҷавони тоҷик вохўрд ва миёни онҳо ишқу муҳаббат пайдо гашт. Акнун қазоқдухтари зебо зуд-зуд дастовез бардошта, ба хабаргирии дўстдораш мерафт, онҳо аҳд бастанд, ки бо ҳам хонадор мешаванд.

Шариф баъди тамом кардани хизмат ба Ватан баргашту аз падару модараш хоҳиш кард, ки ба Қазоқистон хостгорӣ раванд, аммо онҳо хоҳиши писарашонро рад карданд ва гуфтанд, ки туро бо духтари амакат номзад кардем. Шариф дид, ки зорию илтиҷояш ба гўши волидайнаш намерасанд, худаш ба Казоқистон сафар кард. Зеро Гулхумор дар номаи ахираш навишта буд, ки тифли батнаш семоҳа шудаасту дигар шиками дамидаашро пинҳон карда намешавад.

Дар хонаводаи дўстдораш ҳам омадани Шарифро хуш қабул накарданд ва бародарони Гулхумор ба ў маслиҳат доданд, ки сиҳату саломат аз ин ҷо дафъ шавад. Гулхумор ба Шариф гуфт, ки агар бародаронам ҳомиладор будани маро фаҳманд, маро мекушанд ва ҳамин тавр, се рўз пас аз ин воқеа онҳо дукаса ба Тоҷикистон сафар карданд.

Падару модари дўстдораш онҳоро ба милиса доданд, вақте онҳоро мехостанд аз қатора фароварданд, падари Гулхумор дасти духтарашро дошта, тарафи худ кашид ва Шарифро милисаҳо бо худ бурданӣ буданд, аммо духтар фарёд зад, ки ман дар қадам кўдак дорам…

Падари Гулхумор ҳайрон-ҳайрон ба духтараш нигоҳ карду баъд ўро тела дода гуфт:

-Рав, ман духтар надорам, ту барои ман мурдаӣ!

Ду дилдода боз ба қатора нишастанд, Шариф дўстдоштаашро, ки тамоми роҳ мегирист, тасалло медод, ки ҳоло набераашон таваллуд шаваду мо ба хабаргирӣ биёем, онҳо туро мебахшанд.

Волидайни Шариф онҳоро хуб қабул накарданд, ба шиками дамидаи Гулхумор нигариста, “ҳаромияш наҳс набиёрад, хуб” гўён, рўй гардониданд. Шарифро ин амали волидайнаш хафа кард ва чанд рўз пас ба як совхози навбунёд ба кор рафт, чун дар аскарӣ кафшергариро омўхта буд, ба ҳайси кафшергар дар як бригадаи сохтмонӣ ба кор даромад.

Ин ҷуфти ҷавон аввал дар яслии кўдакон зиндагӣ карданд, баъдтар совхоз барои онҳо ҳавличаи зебое дод ва духтараки нозанинашон Муҳаббат ин ҷо ба дунё омад. Гулхумор мудири боғчаи бачаҳо буду Шариф кафшергар, зиндагии хубе доштанд. Ба номаҳои бешумори Гулхумор ба унвони волидонаш як ҷавоб наомад ва бечора аз тарс ба хонаи падарӣ нарафт. Бо Шариф ҳам волидайнаш қаҳрӣ буданд, ба умеди як қазоқ падарашро бо додари ягонааш ҷанг андохт гуфта. Онҳо дар зиндагӣ камбудие надоштанд, ғайр аз равшании дидори наздикон.

Гулхумору Шариф ба якдигар чунон меҳрубон буданд, ки ҳаваси кас меомад, вале тақдир будааст, ки Муҳаббат сесола шуда буд, ки падараш аз болои девор афтида, ҳалок шуд. Ҳоли Гулхумори дар ғарибӣ танҳо мондаро худаш медонисту халос. Хусуру хушдоманаш баъди додани чили писарашон келини ба қавли худашон бегонаро аз хонаашон бо кўдаки хурдсол ронданд. Гулхумор ба хонаи холии худ баргашт ва ба хотири Муҳаббати ягонааш миёнашро аз ҳафт ҷой баста, ба кор сар кард.

Солҳо гузаштанду Муҳаббат қад кашида, ба соҳибҷамоли қиссаҳо табдил ёфт. Ба донишгоҳ ғоибона дохил шуда, дар мактаби совхоз муаллима шуда, ба кор сар кард. Хостгоронаш аз мўйи сараш зиёд бошанд ҳам, Гулхумор ўро ба писари ҳамсояаш дод то дами пирӣ асои дасташ бошанд.

Муҳаббату Зариф ҳарду муаллим буданд, зиндагии хубе доштанд, модар духтарашро ба таваллуд кардан талқин мекард ва ҳамин тавр дар ин оила шаш фарзанд ба дунё омад. Гулхумор набераҳояшро аз ҷони ширинаш зиёдтар дўст медошту садқаву балогардони эшон мешуд…

Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуду гуруснагию қашоқӣ кишварро фаро гирифт, мардум ҳар гуна алафу гиёҳҳоро мехўрданд. Домодаш аз куҷое як халта гандум ёфта овард, ки доначаҳои сиёҳ дошт. Онро тоза накарда, орд карда хўрданду аҳли оила бемор шуданд, кўдакон як бало карда, аз ин вабо раҳиданд, аммо Муҳаббату Зариф аз олам гузаштанд.

Чор кўдаки калонро аммаву амакҳо гирифта, хурдсолҳоро ба Гулхумор, ки аз ғами духтараш дар як шаб пир шуда буд, оварда доданд. Солеҳи сесола бо модаркалонаш монд ва Раҳмияро, ки шаш моҳ дошт, ба ятимхона супорид Гулхумори ғамзада…

Гулхумор ба Президенти тозаинтихоби кишвар бовар дошт, зеро ў дар ҳар як баромадаш мегуфт, ки ятимон дар зери ҳимояи давлатанд. Маҳз ғамхориҳои Пешвои миллат буданд, ки Раҳмияи он замон маъсуму бепаноҳ, имрўз модари соҳиби чор фарзанд, сарвари як корхонаи бонуфуз ҳасту насиҳатгари духтарони ҷавон. Сини кампири Гулхумор ба ҳаштод дакка мехўрад ва ҳамеша дуои ҷони Пешвои миллатро мекунад. Раҳмияи ў имрўз занест, ки ҳоҷати сад касро бароварда мекунад.

Раиса низ ҳамеша нақлҳои момаҷонашро гўш карда мегўяд, ширинтарин афсонаатон афсонаи умри ман аст...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД