Arzon march 2024
Ёде аз марди беназир
1245


Симои хандон ва пайкари Рустамонааш ҳамеша пеши чашмам ҷилва мекунад. Аҷаб инсони хоксору меҳрубоне буд.

Умре дар вазифаҳои баланд кор кардаву гули сари сабади маҳфилҳо бошад ҳам, мисли баъзе эҷодкорони ба қавле “навдавлат”, ки биниашон осмонро мехарошад, худпарасту худхоҳ ва мағруру ҳавобаланд набуд.

Як марди шӯхтабъи заминиву самимӣ, ба қавли мӯйсафедон одам не, ҷони одам буд Ҳабубулло Нозирӣ, вале афсӯс, ки аҷал гулчин асту пеш аз ҳама ба гиребони чунин одамони нек панҷа мезанад...

Агар зинда мебуд, ҳамакнун ба синни 66-солагӣ мерасид ва шояд боз чанд китоби дигараш рӯйи чопро дида, чандин ҷавононро дарси адаб мегашт, аммо марг ғафлатгираш кард ва 5- апрели соли 2020 бар асари беморӣ дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.

Аз марги ҷонсӯзаш аллакай қариб 3 сол гузашта бошад ҳам, ёди Ҳабибулло Нозирӣ дар дили ёру дӯстон, дар дили мухлисони шеъру сухани воло ҳанӯз зинда аст, аз ин рӯ дар солрӯзаш мо қарор додем аз ин шоири ширинкаломи тоҷик ёд кунем...

Ҳабубилло Нозирӣ 5-январи соли 1958 дар деҳаи Партизани Сурхи ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳанӯз аз овони наврасӣ шеър мегуфт. Ин ҷавони ташнаи илму дониш баъди хатми мактаби миёна соли 1976 омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳия ва соли 1980 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ба ҳайси муаллим дар мактаби миёнаи № 10-и ноҳияи Нуробод сар кард, вале чун дар дилаш меҳри шеъру сухан ҷӯш мезад, ҳамин муҳаббат дертар ӯро ба идораи гуфторҳои адабӣ-драмавии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон овард.

Пас аз чанд сол тақдир Нозириро ба Афғонистон бурд ва муддати чанд сол дар ин кишвари ҷангзада ба ҳайси тарҷумон кор кард, аммо ҳамоно ишқи шеър мисли машъал дар дилаш шӯъла мезад.
Ҳамин буд, ки Ҳабибулло Нозирӣ ҳамчун эҷодкори асил ва шоири ширинбаён солиёни зиёде дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор карда, муддати 10 сол сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”ва маҷаллаи “Помир” буд ва ҳамеша ҷавонони эҷодкорро дастгирӣ карда, чакидаҳои хомаашонро дар ин нашрияҳои бонуфуз чоп мекард, то насли ҷавонро дилгарм созад ва барои рушду нумӯъи минбаъдаи адабиёти тоҷик мусоидат намояд.

Новобаста ба серкориаш худи Ҳабибулло Нозирӣ ҳамеша аз пайи эҷод буд ва шеъру қиссаҳои дилчаспаш дар китобҳои «Номаҳо» (1994), «Ҳамрози Ҳамадон» (1995), «Дар ҷустуҷӯи Домулло Толиб» (2000), «Шабоҳанг» (2003), «Ин ҷо манам, он ҷо туӣ» (2013) ба табъ расиданд, бар замми ин, гулчини «Сатрҳои оташин» (1999)-и Карим Девонаро ба чоп расонд.
Ин марди бохирад ва заковатманд солҳои 2007-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, солҳои 2010—2012 муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ буд, соли 2014 бошад, сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» таъин шуд, вале умре дар курсии мансаб нишаста бошад ҳам, такаббур надошт. Бисёр инсони хоксору меҳрубон ва самимию заминӣ буд.
Дардҳои зиёде дар дил дошт, дарди хиёнати баъзе дӯстони бевафо, дарди рашку ҳасуди нотавонбинон, ки гоҳу ногоҳ санги маломат ба сӯйи Ҳабибулло Нозирӣ ва шеъраш мезаданд, вале миёни ин ҳама дардҳо як дарди ҷигарсӯзе буд, ки мисли лахчаи сӯзон умре ӯро аз дарун месӯхту месӯхт ва ин дард алами марги фоҷиавии дӯсти беҳтаринаш, овозхони ғуррамарг Кароматуллои Қурбон буд.

Ҳабибулло Нозирӣ қариб 30 сол бе дӯсти айёми кӯдакиаш зиста бошад ҳам, натавонист ҳатто як лаҳза ҳам Кароматуллоро фаромӯш созад.

Дар ҳар маҳфиле, ки меҳмон мешуд, ҳатман аз Кароматулло ёд карда, мегуфт, ҳар гоҳ ки танҳо монам, фиттаи Кароматуллоро монда, ба ёди дӯсти ҷавонмаргам ашк мерезам ва бо оби дида ғаму ғуссаҳои диламро мешӯям.

Ёди Кароматулло захми носури дилаш гашта буд ва ҳамин шарораи хомӯшнашаванда билохира ӯро низ ба мисли дӯсти ҷавонмаргаш ба ба домони хоки сард кашид. Ин субҳ сарояндаи машҳури тоҷик ва дӯсти Ҳабибулло Нозирию Кароматуллои Қурбон Исматулло Холов дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст:
“Зиндагӣ аз мо шоири ширинкалом, ширинадо, шахси оқилу доно, оромтабиат ва беолоишро рабуд, вале маргу зиндагӣ дар дасти Ӯст! Худованд раҳматаш кунад!”

Оре, тавре ки худи Ҳабибулло Нозирӣ дар сӯги дӯсти ҷавонмаргаш бо дард навишта буд:
Зиндагӣ аз мо рабуда, ҳамдили деринаро
Мехарошад ёдҳоям дарду доғи синаро.
Дарди аз даст додани ин марди нек ва шоири ширинкалом умре синаро мехарошад, аммо инсон пеши тақдири илоҳӣ бечора аст. Дигар аз дасти мо, бандагони хокӣ чизе намеояд, ҷуз он ки бигӯем: Ёди Нозирии беназир ба хайр ва макони рӯҳи покаш абадан ҷаннати ҷовидон бошад!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД