Қаҳрамони навбатии мо як зани муҳоҷир аст. Ин ҷавонзан Миҷгона Раҳимова буда, 35 сол дорад. Миҷгона 10 июни соли 2004 бо Файзалӣ ном ҷавони зода шаҳри Кӯлоб ба шавҳар баромада, аз рӯзи аввали зиндагияш рӯзи хушро надидааст. Шавҳараш ошиқи шароб буд ва ҳар рӯз масту аласт ба хона баргашта Миҷгонаро зери мушту лагад мегирифт. Зани бечора аз тарси шавҳари бадмасташ баъзан шабҳоро дар хонаи ҳамсояҳо рӯз мекард. Ҳамин тавр, ин ҷавонзани берӯзӣ муддати 11 сол ба ҳама ҷабру ҷафои шавҳари майзадааш тоқат карда 4 фарзанди гул барин зеборо ба дунё овард, аммо тавлиди пай дар пайи кӯдакон ҳам натавонист ҳаёти талхи Миҷгонаро ширин созад. Шавҳари шаробияш ҳамоно ӯро азобу уқубат медод. Корд ба устухони зан расида, чандин маротиба қасди худкушӣ намуд, вале ҳар дафъа симои кӯдаконаш дар пеши назараш ҷилвагар гашта, ӯро аз худхушӣ боз медошт. Билохира, косаи сабраш лабрез гашт ва Миҷгона фарзандонашро гирифта аз хонаи шавҳараш фирор намуд...
Миҷгона хуб медонист, ки бо 4 фарзанд дар хонаи падар намеғунҷад, аз ҳамин хотир миёнашро маҳкам баста роҳи Русияро пеш гирифт. Ин зани бо нангу номус мехост дар мулки ғурбат кор карда пул ҷамъ кунад ва барои бачаҳояш як сарпаноҳ харад, вале кораш омад накард. Корфармоён ҳамеша ин зани муҳоҷири тоҷикро кор фармуда, баъдан ба қавли маъруф “кидат” мекарданд. Хориву зориҳои мулки рус ба сарнавишти Миҷгона бе таъсир намонд. Боре аз гуруснагӣ сараш чарх зада, аз ошёнаи дуюм ба замин афтид ва маъюб шуда монд...
Инак, муддати се сол мешавад, ки ин зани тоҷик аз дидори фарзандонаш маҳрум аст. Вай танҳо гоҳ-гоҳ тариқи телефон бо кӯдаконаш сӯҳбат мекунаду халос. Чор фарзанди Миҷгона имрӯз дар ба дар овораю сарсонанд. Бобову бибии дармандаашон аз ӯҳдаи тарбия ва хӯрондану пӯшондани ин тифлакони маъсум намебароянд. Миҷгона орзу дошт, ки кор карда хона мехарад, аммо хаёлаш хом баромад. Дар муддати се соли муҳоҷират дар Русия ба ғайр аз хорию зорӣ дигар чизе надид. Ин зани тоҷик дар мулки мардум овораю сарсон буда, баъзан аз ночорӣ шабҳоро дар таҳхонаҳои сард саҳар мекунад. “Ман акнун фаҳмидам, ки муҳоҷират ҷойи зан набудааст” мегӯяд Миҷгона Раҳимова.
Айни замон Миҷгона дар вилояти Маскав, ноҳияи Истра, маҳаллаи Экопарки Ушаков, хонаи 114 қарор дорад. Вай аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар шахсони хайрхоҳ хоҳиш ва илтиҷо менамояд, ки ба сӯяш дасти мадад дароз намоянд, то соҳиби як кулбаи хоксорона гашта, фарзандонашро аз дари мардум ҷамъ кунад ва андаке бошад ҳам, аз зиндагӣ осудагӣ бубинад...
Касоне, ки мехоҳанд ба ин ҷавонзани муҳоҷир ва фарзандони дар ба дараш кӯмак кардан метавонанд ба рақамҳои телефони Миҷгона Раҳимова +79601792060 занг зананд ва ё ба раками корти Сбербанк 5228600541007326 хайрияи худро ирсол намоянд!
Ҳамчунин корти (эсхата) 5058270420153347, ки ба рақамҳои падараш Раҳмон Раҳимӣ пайваст аст, занг зананд: 988-93-42-55