Sebiston new 2024 october
Ё ЧАРО МАРД ЯКБОРА ИМПОТЕНТ МЕШАВАД?
6145

 

Марде, ки дар бистар «заиф» аст, шавҳари хубу дилкаш шуда метавонад?

Ба ин суол бархе аз бонувон чунин ҷавоб доданд: «Беҳтараш шавҳарам дурӯғгӯ, ифлосак ва ҳатто тундхӯ бошад, вале импотент набошад. Мардони дар бистар заифро мард намешуморам».

Аслан импотентҳо дили сиёҳ доранду барои заифияшон аз занҳо қасос мегиранд. Азбаски аз дасташон коре намеояд, нафси шаҳвонии худро бо усулҳои ғайришаръӣ қонеъ гардондан мехоҳанд. Барои ҳамин аксарияти импотентҳо одамкушу бачабоз мешаванд.

Мардҳои импотент аз мардони рағбати ҷинсияшон заиф фарқ доранд. Ин мардон дер-дер ба мубошират майл намоянд ҳам, дар меҳрварзӣ ҳамто надоранд. Аксари бонувон намехоҳанд ҳаёти худро бо импотент пайванданд, ҳатто агар марди меҳрубон, боақл ва дорои қалби зебо бошад ҳам, вале боз занҳое ҳастанд, ки мегӯянд: «Импотенсия шармандагӣ нест, зеро сабабҳои равонӣ ва тиббӣ дорад». Дар ҳақиқат сабаби асосии импотенсия стресс ва хастагии зиёд аст. Аз имкон дур нест, ки мард ба хотири таъмини зану фарзандон заҳмати зиёд кашида, оқибат бемор шудааст. Магар дар ин лаҳзаҳо мардро партофтан аз рӯйи виҷдон аст?!

Дастгирии зан мӯъҷиза меофарад

Дар замони муосир марди комилан импотент хеле кам вомехӯрад, бинобар ин шавҳаратон дучори чунин мушкил гардад, дарҳол ба ӯ тамғаи импотентро назанед. Дастгирии равонӣ, муҳаббати асил ва меҳрубонӣ, истифодаи дурусти дорувориҳо мӯъҷиза меофаранд. Дӯст доштан маънои шаҳват хостанро надорад. Меҳрубониву якдилӣ барои ошиқон муҳимтар аз мубошират аст.

Якҷоя ғолиб мешавед

Импотенсия на танҳо дар ҳаёти маҳрамона, балки дар муносибатҳои оилавӣ низ мушкил эҷод мекунад. Баъзе мардон бо мақсади баргардонидани имкониятҳои шаҳвониашон ба бонувони ҷавону дилкаш майл менамоянду қисмати дигари гирифтори ин иллат аз муносибатҳои маҳрамона мегурезанд. Бояд қайд намуд, ки аз муносибатҳои маҳрамона гурехтани мард на ҳамеша бо айби импотенсия аст. Аз имкон дур нест, ки мард зани дигар дорад.

Пириву хартозӣ

Аксарияти мардони аз 35 то 50-сола гирифтори бурҳони синну солӣ мешаванд. Яке аз нишонаҳои он яку якбора хоҳиши тағйир додани зиндагӣ аст. Мардони беҳтарину падарони намунавӣ якбора ба занакбоз мубаддал мегарданд ё тамоми қувваву нерӯяшонро сарфи машғулиятҳои ғайриоддӣ менамоянд.

Чаро чунин мешавад?

Дар миёнасолӣ намояндагони ҷинси зариф мақсаду мароми худро дар зиндагӣ гум мекунанд. Оила бунёд карда, соҳиби касбу кор, хонаву дар ҳастанд. Дар ана ҳамин айём баногаҳ ҳаёт дар назар якрангу бемазмун менамояд. Ба машоми мард бӯйи пирӣ мерасад. Ин аз ҳама чизи даҳшатноктарин аст барои мард. Ҳаёти мусоиду муътадили оилавӣ ба занҳо мефорад, вале мардҳо табиатан ҷанговару шикорчӣ ҳастанд. Мубориза бурдану ҷанг кардан ва ғолибиятро ҷашн гирифтан барояшон муҳим аст. Марди баркамол бори дигар ҷавониро эҳсос кардан ва орзуҳоро ҷомаи амал пӯшондан меҳоҳад. Сабаби асосии пайдо шудани буҳрони синнусолӣ норасоии адреналин аст.

Дар ин лаҳзаи ниҳоят ҳассоси ҳаёти мард зан бояд чӣ кор кунад? Мард бояд эҳсос намояд, ки баъди чандин соли ҳамзистӣ ҳанӯз ҳам дӯстдошта, хостанӣ ва азиз аст. Зане, ки дар ин лаҳзаҳо мардашро мефаҳмад, мардро аз буҳрон наҷот мебахшад. Аз ҷониби дигар, зан бояд худро низ фаромӯш насозад. Ҳам марду ҳам зан ҳуқуқ ба хушиҳои зиндагӣ доранд, аммо ин хушиҳо набояд ба зарари оила бошанд. Бо баҳонаи буҳрони синнусолӣ бемасъулияту худхоҳ набояд шуд!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД