Formula novemver 2024
ДУЗДИ МУШТЗӮР БА ДАСТ АФТИД
1540

 

Ҳамагон хуб медонанд, ки зан ҷинси латиф буда, қудрати бо мард панҷа задану муқовимат намуданро надорад. Иддае аз мардони номард камқувватии ҷисмонии занонро ба манфиати худ истифода бурда, дар ҷойҳои хилват бонувонро озор медиҳанд ва зару зевару пулу молашонро зӯран аз дасташон кашида мегиранд.

Шоми 20-уми сентябр чунин як марди муштзӯр духтараки 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт ғорат намуда, ҳамёнашро рабуд. Дар дохили ҳамёни ба яғмо рафта 600 сомонӣ пул ва ду телефони мобилии қиматбаҳо мавҷуд буд. Ғоратгар мехост пулу моли дуздидаашро ба манфиати худ истифода барад, вале тираш хок хӯрд.

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зудӣ ҷавони ғоратгарро дастгир намуданд. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин ҷавони беандеша, ки ҳамагӣ 19-сол драд, барои ду телефону 600 сомонӣ чанд соли умри азизашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД