Formula novemver 2024
Якзанаро як бари рӯяш сиёҳ, дузанаро ду бари рӯяш (ҚИСМИ 2)
1504

Сирри фошгашта

Дар дунё ягон сирре нест, ки то абад махфӣ бимонад. Сирру асрори Худойдод низ оқибат фош гашт. Рӯзе ӯ барои ҳамсарашро аз ҷойи кораш ба хона овардан ба беморхона рафта, тасодуфан бо ҳамсояи модараш Адолатхола рӯ ба рӯ гашт, вале чунон вонамуд кард, ки гӯё ӯро намешиносад. Рӯзи дигар Адолатхола, ки мизоҷи деринаи Нозанин буда, бо ҳамдигар мисли апаву хоҳар шуда буданд, кӣ будани мардеро, ки дирӯз ба мошинаш нишаста рафт, пурсон шуд. “Магар марди бегона занро ба мошинаш савор карда мебарад. Он мард шавҳарам буд, апаҷон“,- бо табассум ҷавоб дод Нозанин.

Адолатхола кунҷковӣ карда, чикора будани шавҳарашро пурсон шуд. Нозанин аз таги гап бехабар посух дод, ки ҳамсараш тоҷири муваффақ аст ва тез-тез барои бор ба хориҷи кишвар меравад. “Як ҳафта боз дар сафари тиҷоратӣ буданд. “Занакҷон, ман туро сахт ёд кардам” гуфта, аз сафар баргашта, аз фурудгоҳ рост ба ин ҷо омадаанд”,- бо ифтихор гуфт Нозанин.

- Духтарам, гул барин зани зебо ва босавод ҳастӣ, ба ту чӣ намерасид, ки ба як марди панҷ фарзанд дошта зани дуюм шудӣ?,- худро нигоҳ дошта натавониста гуфт Адолатхола.

Нозанин аввал ба гапҳои Адолатхола бовар накард ва бо овози баланд хандида гуфт:

- Шумо чиҳо мегӯед, апаҷон?! Ман зани дуюм нестам. Ману шавҳарам ҳанӯз замони донишҷӯӣ ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шудем...

- Намедонам, ки шумо кай ҳамдигарро дидед ва дӯст доштед, вале аниқ медонам, ки ин мардак Худойдод ном дорад ва зану панҷ фарзанд дорад, чунки дар пеши назари мо калон шудааст. Падару модараш ҳамсояҳои девордармиёни ман ҳастанд,- гуфт Адолатхола.

- Шавҳари ман падару модар надорад. Вай       ятим аст, волидони ман ба хотири сағерагиаш аз ҳисоби худашон тӯй карда, маро ба ӯ ба занӣ дода буданд,- қисса кард Нозанин.

- Кӣ гуфт, ки ятим аст? Падару модараш то ҳол зиндаву барҳаётанд, бар замми ин, нуҳ апа дорад. Писари яккаву ягонаамон аст гуфта, волидонаш дар 18-солагиаш Хушбахтро зан дода буданд. Ҳамсараш пай дар пай 5 фарзанд таваллуд кард ва боз ҳомила аст. Адресашонро медиҳам, бовар накунӣ, рафта бо чашми худат бубин,- дилпурона гуфт Адолатхола.

Бо шунидани суханони ин зан хун ба сари Нозанин зад ва то охири рӯзи корӣ низ сабр накарда, рост ба хона омаду ба шавҳараш занг зад. Худойдод аввал гуфтаҳои Адолатхоларо инкор кард, вале чун дид, ки азми ҳамсараш қатъист ва мехоҳад ба деҳа рафта, ҳама чизро бо чашми худаш бинаду бисанҷад, чораи дигар наёфта, иқрор шуд, ки дар ҳақиқат падару модар ва зану фарзанд дорад.

Он рӯз дар хонаи онҳо қиёмат гӯё қоим шуда буд. Нозанин девонавор дод мегуфт ва аз даҳонаш чизе, ки барояд, мегуфту чойнику пиёла ва ҳар чизи дигари аз пешаш баромадаро ба сари шавҳараш ҳаво дода, Худойдодро барои фиребгариаш дашномҳои қабеҳ медод, вале мард дар пеши пояш афтидаю пойҳои ӯро оғӯш карда, қасам болои қасам мехӯрд, ки танҳо ӯро дӯст медорад, Зарринаи қишлоқиро бошад, падару модараш маҷбурӣ ба ӯ ба занӣ дода, ҳаёташро сӯзонданд. “Занакҷон, Заррина як зани чалфаси деҳотӣ аст, вай ҳатто ба нохуни пойи ту намеарзад”,- пойҳои занашро маҳкам оғӯш карда мегуфт Худойдод ва зорӣ мекард, ки гардани шайтонро шиканад, вале Нозанин ҳеҷ аз аспи ғазаб намефаромад.

Ниҳоят вай бо ғазаб Худойдодро аз худ дур карда, дар назди шавҳари маккораш шарт монд: “Ман зани дуюм будан намехоҳам, мардак! Ба ту се рӯз муҳлат, аз ду якеро интихоб кун мардак, ман ё зани деҳотиат бо панҷ фарзандаш!”.

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД