Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукмати кишвар як зани 49 - сола, ки мехост аз болои пули маҳалли 103 - и пойтахт худро ба об ҳаво диҳад, наҷот дода шуд.
Ин зан шаби 6-уми сентябри соли равон, соати 00:30 дақиқа аз болои пули маҳалли 103 мехост худро ба об партояд.
“Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи 1-уми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса расид ва ин зани ошуфтаву қасди ҷони худкардаро наҷот дод”, - омадааст дар хабари Кумита.
Ба гуфти масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ин зани наҷотёфта 49 сол дошта, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Ӯ дар суҳбат бо кормандони наҷотдиҳӣ сабаби ин тасмимашро нагуфт. Баъди наҷоти ёфтан зан ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.