Маъмулан одамон аз бекорӣ, бечорагӣ ва нодорию камбизоатӣ даст ба худкушӣ мезананд. Бештари афроде, ки қасди ҷони хеш менамоянд, саводи кофӣ ва ягон касбу ҳунар надоранд, аз ҳамин сабаб дар рӯёрӯи мушкилоти зидагӣ оҷиз монда, роҳи ягонаи наҷотро дар худкушӣ мебинанд.
Аммо марги мармузи корманди фурудгоҳи шаҳри Душанбе Шерафган Хоҷақулов, ки нимаи дуюми имрӯз бо дастони хеш риштаи ҳаёташро буридааст, муаммои сарбастаро мемонад...
Наздикони Шерафган Хоҷақулов дар сӯҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ибрози ақида намудаанд, ки ӯ ҳамчун рамзи эътироз ба моҳҳо нагирифтани маош худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Мақомот низ ҳодисаро тасдиқ карда гуфтаанд, додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст.
Ба гуфти Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган, ҷиянаш 9 моҳ боз маош нагирифта будааст ва соати 13 ба бародараш паёмак навиштааст, ки “омада мурдаи маро аз фурудгоҳ баред.”
Ба қавли пайвандонаш Шерафган дар манзили иҷора зиндагӣ мекардааст ва аз пули иҷора 14 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.
Умед Хоҷақулов, бародари Шерафган мегӯяд, бо сабаби пардохт накардани маблағи иҷора соҳибхона талаб кардааст, ки манзили ӯро фавран холӣ кунад.
Шерафган дар ҳалли масъалаи қарзи иҷорахона дармонда, бо таппончаи хизматӣ худро паррондааст.
Назари масъулини Фурудгоҳи Душанбе ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.
Ба иттилои Радиои Озодӣ ҷасади Шерафган Хоҷақуловро ба бемористони Ёрии таъҷилии Душанбе бурдаанд ва наздиконаш гуфтаанд, ки баъд аз ташхис ҷасадро ба онҳо медиҳанд.