arzon replenishment
ДУХТУРХОНАРО КӢ ҒОРАТ КАРД?
12.10.2020
Р. Азимӣ
2643

 

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 6 ба 7-уми октябри соли 2020, тахминан соати 01:45 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба бинои маркази ташхисии «Шифобахши аср», воқеъ дар кӯчаи И. Сомонии ҳамин шаҳр ворид гардида, аз он ҷо 1-адад болопӯши (курткаи) мардона ва асбобҳои сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикситон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД