arzon replenishment
ДУХТАРҲОИ ТОҶИК ТАЙЁРАНД,КИ БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН БА ВОРУХ РАВАНД!
10025

Ду рӯзи охир марзи Тоҷикистону Қирғизистон ноором буда, сангандозии сокинони ду маҳал ҷониби ҳамдигар ба тирпарронӣ ва талафотҳои ҷонӣ аз ду ҷониб оварда расонд. Ҳарчанд “оташбас” эълон гашта бошад ҳам, то ҳол сару садоҳо дар бораи ноором будани сарҳад ба гӯш мерасанд.


Ҳимояи марзу буми Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як шахси бо нангу номус ва ватандори асил мебошад. Тоҷикон миллати бо нангу ор буда, натанҳо ҷавонмардони ватандӯст, балки ҳатто занону духтаронаш тайёранд барои дифои Ватан сина сипар намоянд.

Шумо омода ҳастед, ки барои ҳифзи Ватан баворух равед?-Бо ин савол мо ба чанд нафар духтарн муроҷиат кардем ва инак посухи онҳоро манзуратон месозем.

Дилафруз Қурбонӣ, рӯзноманигор:

Дар ҳифзи Ватан ҷинсият вуҷуд надорад!

Бе шакку шубҳа! Дар ҳифзи Меҳан зану мард гуфтанӣ гап нест. Қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз ҷинсияташ муҳофизати Ватан аст ва ман ҳам омодаам ба марз равам, агар ба ин зарурат афтад. Аз дастам ҳар коре, ки ояд, мекунам, зеро обу хоки ин сарзамин маро парвардааст ва аз ҳавои он нафас мекашам. Оромии Ватан оромии хонадони ҳар яки мост ва намегузорем, ки касе онро халалдор намояд. Аммо ман боварии комил драм, ки давлатмардони дар майдони сиёсат пухтаи мо роҳи сулҳомези ҳалли ин қазияро меёбанд.

Парвина Самандарзода, донишҷӯ:

Мо пайрави Гурдофаридем!

Барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омодаам, ки мубориза барам. Мубориз будану барои адлу дод талош кардан аз азал дар хуни мо, занони тоҷик ҳаст. Халқ размофариҳои Гурдофаридашро фаромӯш накардааст. Сарнавишти Зайнаб Қурбонова гувоҳи шуҷоатмандиву далерии занони барӯманди тоҷик аст. Чун хуни Гурдофариду Зайнаб дар шараёни мо низ вуҷуд дорад, то ҷон дар рамақ дорем, барои ин Ватан сина сипар мекунем.
Меҳрангез Каримова, сокини шаҳри Кӯлоб:

Барои Ватан ҷон фидо мекунам, агар...

Бале, ман омода ҳастам, ки барои ҳифзи Ватанам ба Ворух равам. Мо ҷавондухтарон бояд дар бари бародарону падарони худ бошем.

Ғунчагул Нурализода, журналисти ҷавон:
Метавонам кӯмак кунам
Бале, меравам, агар лозим шавад. Мо ҷавондухтарон силоҳ ба даст гирифта натавонем ҳам, метавонем ба бародарони Ватандустамон кӯмак кунем. Ҷароҳати захмиёнро бастан ҳам ҳунар аст.

Раҳмонӣ, сокини Душанбе:

Ҷомаи мардона бар бар мекунем, агар...

Ҳифзи Ватан ин ҳифзи номус ва шарафи ҳар як ватандор аст. Агар як заррае аз мо кӯмак лозим шавад, ҷомаи мардона ба бар карда ба ҳимояи марзу буми хеш бармехезам. Ватан Модар аст, ва ҳангоме, ки Модар дард дорад, алам дорад, порае аз ҷисмаш мағзу устухонаш месӯзад, фиғон мекунад, магар фарзанд тоқати аз дур назораат крадани холатро дорад???

На! Харгиз!

Сабрина Ғафурова, журналисти мустақил:

Як санги Ватанмро ба кас намедиҳам!

Ман хамчун шахрванди Тоҷикистон намегузорам, ки як санги Ватанамро аз ҷояш бе ҷо кунанд ва ё як ҳаммиллати ман зери тири номардонаи курдиле, разиле, пасте ҷон бисупорад ва ё як қатраи ашки модари тоҷики ман дар ғами фарзанди шаҳидаш бирезад. Омодаам ба ҳимояи Воруху Хоҷаи Аъло, ки порае аз Ватани ман аст, биравам!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД