Беҳтарин зевари зан шарму ҳаё ва дасту дили пок аст, вале бонувони беандешае ҳастанд, ки ба хотири зару зевар ва пулу моли муфт даст ба амалҳои ношоиста зада, ба номи неки зани тоҷик иснод меоранд.
Вазорати умури дохилаи кишвар аз обздошти чунин як зани маккор хабар додааст.
Кормандони милитсия як ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Гулистони Вилояти Суғдро бо ҷурми дуздӣ дастгир намудаанд. Ҷавонзан дар пайи шикояти як зани 34 солаи сокини ҳамин шаҳр боздошт шудааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, як зани 34-солаи сокини шаҳри Гулистон ба ШВКД муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки аз 19 то 22-юми июн, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш гарданбанди тиллоии қиматбаҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар пайи шикояти ин зан як ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамин шаҳр боздошт ва ба дуздии гарданбанди тиллоӣ муттаҳам дониста шуд. Айни замон нисбати боздоштшуда бо қисми 3-и моддаи 244-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, маблағи зарари расониданшуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тафтишоти ин қазия идома дорад.