arzon replenishment
ДУХТАР МОДАРРО КОРДБОРОН КАРД
03.12.2020
Р. Азимӣ
5077

Кормандони милитсияи пойтахт ҳангоми бо хабари фаврӣ оид ба ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани як нафар зан дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Сино муайян карданд, ки санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, бар асари як нофаҳмии оилавӣ шаҳрванд Азизова Моҳира Меликовна санаи таваллудаш 10.08.1970 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшонро духтари 32-солааш шаҳрванд Азизова Хосият Раҳматуллоевна санаи таваллудаш 14.07.1988 дар манзили истиқоматиашон бо корди хоҷагидорӣ зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
  Модар худи ҳамон рӯз ба беморхона дастрас ва бистарӣ карда шуд.
  Дар зимн муороҷиати видеоӣ ва гилаву шикояти ӯ аз фарзандонаш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардида, мавриди вокуниши васеи шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст.

  Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки нисбати шаҳрванд Азизова Хосият бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт ҷараён дорад.
Дар навбати худ фарзандонаш иддао мекунанд,ки ин зан касалии руҳӣ дорад. Инро танҳо мақомот муаян карда метавонад, пас интизр мешавем, ки модар даст ба худкушӣ задааст ё фарзандаш ӯро ба ин ҳол расонидааст?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД