Номи ман Марҷона ва ман акнун соҳиби фарзанди чаҳорум шудам. Аммо ба ҷои он, ки хурсанд шавам, боз ҳам ғамгинтар шудам, зеро фарзанди чаҳорумам ҳам духтар будааст.
Ману шавҳарам то охир барои муайян кардани ҷинси ӯ дар батни модар ба духтур муроҷиат накардем, зеро намехостем, ки пеш аз вақт хурсанд ва ё хафа шавем ва ба қавли шавҳарам барои худ “сюрприз” карданӣ шудем. Ана “сюрприз” ҳам шуд.
Хайрият, ки шавҳарам инсони бофаҳм ва натанҳо нисбати ман, балки нисбати духтаронаш ҳам хеле меҳрубон аст, вай боре ҳам маро мисли дигарон барои “духтарзой” буданам сарзаниш накардааст. Ҳарчанд маълумоти олӣ дорад, аммо аз сабаби он, ки бо ихтисоси худ кори мувофиқу муздноке намеёбад, бештар ба корҳои сохтмон банд аст.
Ёфту тофташро сарфи ману духтаронаш ва модараш мекунад. Баъзан модари шавҳарам маро таъна заданӣ мешавад, ки ин қадар духтар чӣ лозим, беҳтараш “маҳкам” кун, зеро аз ту писар намешавад.
Дар ин ҳолатҳо шавҳарам ба модараш мегӯяд, ки духтару писарро касе намесозад ва он кори Худо аст, барои ҳамин бояд интизор шуд, шояд рӯзе писар ҳам шавад, “шайтон ноумед” гуфтаанд.
Вақте ки духтарчаи чаҳорумамро таваллуд кардам, чӣ тавр ин “муждаро“ ба шавҳарам расониданро надониста, гиря кардам. Хушбахтона, дар он вақт ҳамшираи солдидае наздам омаду гуфт: “Эҳ мардуми соддае, наход ба давлати ин дунёю охират ношукрӣ кунед? Охир давлатро дар ин дунёю он дунё духтар медиҳад ва аз ҳама дилсӯзтарин фарзанд ҳам духтар аст! Ба шавҳарат ин хабари хушро ман мерасонам, зиқ нашав”...
Хушдомани ман занаки хуб аст, айбаш танҳо дар ин аст, ки духтарро он қадар хуш надорад. Шояд сабабаш дар он аст, ки онҳо дар оила шаш нафар духтар будаанду танҳо як писар.
Ҳоло ки Басгул (номи духтарро бибиаш монд ва ману шавҳарам ба хотири наранҷондани ӯ рад накардем) яксола шуд, намедонам чӣ кор кунам. Ба гуфти шавҳарам интизори писар шавам, агар Худо тақдир кунаду дуҷон шавам ё ба гуфти модараш дарояму “маҳкам” кунам?
Интизори маслиҳату роҳнамоии шумоям.
Марҷона СОЛИЕВА, ш. Норак