«Духтарак-гурба» аслан зодаиХитой аст. Тавре падари ин духтарча мегӯяд, дар давоми як сол бадани кӯдак пур аз пашм гаштааст.
Наздикони духтарак бо суръат паҳн шудани бемориро дида,ба табибон муроҷиат карданд. Аллакай тамоми тахтапушти духтарак пур аз пашми сиёҳ шудааст. Пашми бадани духтарча ба пашми гурба шабоҳат дорад. Айни замон аҳли оила барои табобат кардани ин «гурбачаи дупо» пул ҷамъ карда истодаанд.
Вақте саргузашти Чжао тавассути ВАО паҳн гардид, ҳукуматдорони маҳаллӣ фонди хайрия ташкил намуданд, то ки хоҳишмандон барои табобати духтарак маблағ ирсол намоянд.