Донишҷӯи гурҷӣ Элен Дейсадзе дар шабакаи TikTok профили духтареро бо номи Анна Панчулидзе мебинад, ки хеле шабеҳи ӯст.
Пас аз чанд моҳи муошират, дугонаҳо огоҳ шуданд, ки дар асл онҳо дугониканд ва бо амри тақдир аз ҷониби оилаҳои гуногун ба фарзандӣ гирифта шудаанд. Ташхиси ДНК дугоник будани онҳоро тасдиқ кард. Онҳо 17 сол дар бораи ҳамдигар чизе намедонистанд.
«Мо дӯст будем, вале фикр намекардем, ки аз як оилаем. Ҳарчанд ҳисси муштараке байнамон вуҷуд дошт»,- мегӯяд Элен.