Sebiston new 2024 october
Дугоник аз экизак чӣ фарқ дорад?
559


Таваллуди фарзанд ҳамавақт хушҳолкунанда аст, ба дунё омадани дугонику сегоник бошад, бахти бузургест, ки на ба ҳар оила насиб мегардад.

Дар умум 99%-и занон аз ҳар як ҳомиладорӣ як фарзанд таваллуд мекунанд, аммо модарони хушбахте низ ҳастанд, ки бо як таваллуд соҳиби ду, се ё чор фарзанд мешаванд. Маъмулан дугоникҳо мисли як себи дукафон ба ҳамдигар монанд буда, онҳоро фарқ кардан бисёр душвор аст, вале ҳастанд дугоникҳое, ки ба ҳамдигар тамоман монандӣ надоранд. Чаро чунин мешавад?

Экизакҳо-ду пораи як себ
Дугоникҳоеро, ки мисли як себи дукафон ба ҳамдигар монанданд, экизак меноманд. Экизакҳо аз як тухмҳуҷайра пайдо мешаванд, яъне ҳангоми бордоршавӣ дар як тухм ду тухмҳуҷайраи мардона ворид шуда, аз он ду ҷанин пайдо мешавад. Маъмулан кӯдаконе, ки аз чунин бордоршавӣ ба дунё меоянд, як ҷинс, яъне ҳарду духтар ё ҳарду писар буда, ба ҳамдигарӣ сахт шабоҳат доранд, ҳатто майлу рағбат, шавқ ва хислатҳояшон якхела аст. Калон кардани чунин тифлакон бениҳоят душвор аст, чунки баробар гурусна мемонад, баробар гиря мекунанд, бемор шаванд ҳам, ҳардуяшон якбора бемор мешаванд.

Чаро дугоник мегӯянд?

Дугоникҳо каме дигар буда аз ду тухмҳуҷайра пайдо мешаванд. Онҳо комилан одамони гуногун ҳастанд ва ба ҳамдигар тамоман рабт надоранд. Баъзан ҷинсашон якхела бошад ҳам, таъбашон, хислату хӯяшон комилан дигар аст. Метавонанд яке ба модару дигарӣ ба падар монанд шаванд. Онҳо ба ғайр аз он ки як бачадони модарро тақсим кардаанд, дигар дар ҳаёт ягон умумият надоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД