Тифлаки бодовард
Аз ин ҳодисаҳо як сол сипарӣ гашту рӯзе Шоҳин ба хона як тифлаки думоҳаро бардошта овард.
- Ин писарчаи як дӯсти ҷониам, барои янгааму акаам овардам. Вай серфарзанд аст, ба хотири дӯстиамон ба додани писарчааш розӣ шуд,- гӯён, кӯдакро ба янгааш дод.
Писарча дар ҳақиқат зебо буд, чунон зебо, ки кас аз тамошояш сер намешуд.
Хурсандии зану шавҳар ҳадду канор надошт. Тифлаки бодовардро Умед ном гузоштанд. Умедҷон рӯз ба рӯз зебояку дӯстрӯяк мешуд. Розия ӯро мисли фарзандони худаш дӯст медошт.
Сояи ғам
Солҳо турнасон гузаштанду писари Розияву Шоҳин - Равшан мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил шуд. Дар соли дуюми таҳсил рӯзе Равшан ба деҳа омад. Фардо рӯзи истироҳат буд ва ҷавон мехост каме дар хона истироҳат кунад, аммо аз шаҳр ҷӯраҳояш занг зада, таъкид карданд, ки як кори муҳим баромадаасту ҳатман бояд ба шаҳр биёяд. Равшан бо дӯстонаш ба як шабнишинӣ рафта, соатҳои 12-и шаб ба хонаи иҷорааш баргашт. Равшании шамъро дида, ҳайрон шуд. «Аҷабо, дар хонаи ман кӣ бошад?»,- гӯён, дарро кушода, ба хона даромад.
Даромаду дар ҷояш шах шуда монд: дар рӯи рахти хоби ӯ падараш бо зане ҳамоғӯш масти хоб буд.
Равшан оҳиста дарро пӯшида баромаду таксӣ киро карда, ба хона омад ва воқеаи бо чашми худ дидаашро ба модараш нақл кард.
Шантаж
Розия шабошаб роҳи пойтахтро пеш гирифт. Ба хонаи иҷораи писараш рафта, Садафро бо шавҳараш дошт ва бо дугонаи бешарму беҳаёаш даст ба гиребон шуд. Маълум шуд, ки ин иҷорахона аслан моли Садаф будааст. Пас аз тавлиди тифлаш ба дигар ҷо кӯчида, хонаашро ба Шоҳин додааст.
Шоҳин мағали занҳоро тамошо карда, чӣ кор карданашро намедонист.
Садаф дар назди Розия шарте гузошт, ки Розияро миёни обу оташ монд. Розия акнун фаҳмид, ки Умедҷон бачаи ҷӯраи Шоҳин не, писари Садаф будааст. Акнун бевазани шаттоҳ писараш Умедҷонро талаб мекард. «Ё писарамро бармегардонед ё Шоҳин маро ҳам ба никоҳаш медарорад!» мегуфт гаштаю баргашта Садаф.
Розия Умедҷонро дӯст медошт ва намехост ӯро ба Садаф баргардонад. Шоҳин дудилагии занашро пай бурда, Розияро оғӯшкунон «дар хона маслиҳат мекунем» гӯён, аз дар баровард.
Маслиҳати бахтсӯз
«Ба хотири Умедҷон шарташро қабул мекунем, Розия. Ман фақат ҳафтае як маротиба ба хабаргириаш меравам»,- ваъда дод Шоҳин.
Розияро ба ҷуз розӣ шудан ба тақсими бахт дигар чорае намонда буд. Таклифи Шоҳинро қабул карда бошад ҳам, аз рашк тамоми вуҷудаш месӯхт. Шабе, ки Шоҳин ба хонаи Садаф рафт, Розия то саҳар мижа таҳ накарда, аз дарди рашки тақдирсӯз азият мекашид.
Хоби абадӣ
Шуоҳои офтоб оламро равшанӣ карданд, аммо Розия ҳамоно хоб буд. Хушдоманаш аз дер хестани Розия ба ташвиш афтода, дарро кушоду фиғонаш ба фалак печид. Оташи рашк Розияро оқибат ба коми аҷал тела дода буд…
Сурайё РАБИЕВА