arzon replenishment
Дугонаи ҷониам бахтамро дуздид
27.03.2024
ОИЛА
1472

Салом ба хонандагони азизи сомона! Мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам.

Ману Меҳрангез аз синфи 4 бо ҳам шинос шуда, дугона гаштем. Мактабро хатм кардему якҷоя ба донишкада дохил шудем. Дар давоми таҳсил ман бо ҷавоне бо номи Шаҳоб шинос шудам. Мо ҳамдигарро дӯст медоштем. Аз муносибати хуби Шаҳоб ҳар бор ба Меҳрангез нақлу таърифҳо мекардам. Меҳрангез доим ба мо ҳавас хӯрда мегуфт, ки Шаҳоб мисли худаш ягон ҷӯра надорад?

Баъди чанде рафтори дугонаам иваз шуд. Ӯ аз ман дурӣ ҷуста, хеле кам бо ман вомехӯрдагӣ шуда монд. Ҳамин тавр рафта-рафта Меҳрангезро тамоман аз даст додам. Ӯ дугонаи дигар ёфта, дигар ба ман салом ҳам намедод.

Дар ин миён муносибати Шаҳоб бо ман хуб буд, аммо баъд телефонҳояш тамоман хомӯш шуданд. Ман хеле нигарон будам. Баъди як моҳ худи Шаҳоб ногаҳон занг зад ва аз ман барои ҳамааш узр пурсид. Дар поёни суҳбат гуфт:
-Шаҳодат, маро мебахшӣ. Қисмат ҳамин будааст. Ба ту хушбахтӣ мехоҳам. Ман ҳам бо дугонаат Меҳрангез хушбахтам. Хайр.

Дигар ман ба дугонагиву дӯстӣ бовар надорам. Шумо чӣ мегӯед, дӯстон? Оё боз ба ягон дугона бовар кунам ё не?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД