arzon replenishment
ДУГОНА НЕ, БАЛОВУ ОФАТ БУДААСТ!
2863

Падару модарамро давоми 20 соли ҳаёт зиёд азоб додаам. Бениҳоят эрка будам. Аз ҳамин хотир, аз касе наметарсидам.

Як рӯз як дугонам ба хона омада, маро ба тӯяш даъват кард. Ман бошам, курта надорам гуфта, сахт зиқ шудам. Дар мо духтарҳо як одат аст, ки агар ба тӯй равем, ҳатман бояд куртаи нав карда пӯшем. Ба модарам гуфтам, ки "оча куртаи нав кун, барои тӯйравиам".

Модарам дар ҷавоб "духтарам, дар хона барои хӯрдан хӯрока кам аст, падарат ҳоло маошашро нагирифтааст" гуфт, аммо ман доду фарёд бардошта, куртаи нав мехостам. Падарам мардикор буд ва барои ман курта харида наметавонист, чунки буду шудашро ҳар бегоҳ харида меовард.

Аз қаҳри зиёд ҳамон бегоҳ дар хона чӣ доруе, ки ёфтам, хӯрдам. Модарам аз тарси зиёд намедонист, ки чӣ кор кунад. Метарсид, ки ҳамсояҳо хабардор шаванд, “духтари ҷавон худкушӣ кардааст”, гуфта дигар ба хосгориам касе намеояд. Лекин барои ман ягон чиз муҳим набуд.

Вақте организмамро шуста тоза карданд, дубора уксус хӯрдам, ва баъд раги дастамро буридам. Шукр, ки сиҳат шудам. Аммо на ба тӯй рафтаму на курта харидам. Акнун падару модарам аз ман ончунон метарсанд, ки дигар ҳатто ба чашмонам нигоҳ намекунанд.

Мактабро ҳам тамом кардам. Ду поямро ба як мӯза андохтам, ки барои ман телефон харед. Волидони бечораам баъд аз як ҳафта аз куҷое пул ёфта, бароям телефони қиммат хариданд. Баъди гирифтани телефон барои харидани симкорт рафтам. Дар он ҷо як духтараке менишаст.

Ситорааш аз якум нигоҳ ба ман мувофиқ омад. То симкортаро ба нома кардан ҳама маълумотҳоро дар борааш фаҳмидам. Гуфт, ки соли таваллудаш 1996 буда, дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадаст. Нав як моҳ боз аз шавҳараш ҷудо шудааст. Ӯ ҳам аз ман маълумотҳои зиёд пурсид. Дар вақти рафтан “боз биё", - гуфта, маро гуселонд.

Ба хона расидаму симкортро ба телефонам гузоштам. Вақте суратҳисобашро кушодам, 100 сомонӣ дошт. Ҳайрон шудам, ки ин пул аз куҷо омада бошад? Баъд аз 5 дақиқа як рақам занг зад ва "пул гузашт? Ин ман Сабо" гуфт.

Бо ӯ зиёда аз 1 соат гап задему баъд телефонро кушт. Ҳамин тавр, ӯ ҳар рӯз занг мезад. Оҳиста - оҳиста маро ба наздаш ҷеғ мезадагӣ шуд. То бегоҳ дар ҷои кораш менишастему баъд ба хона бармегаштам. Бо ӯ дугонаи ҷонӣ шудем. Аксар вақт бо халтаҳои пур ба хонаамон меомад. Ба тарабхонаҳо мерафтем. Хулоса, ба бовариам даромад.

Як рӯз дар хона нишаста будам, ки занг зад. Аввал аҳволпурсӣ карду баъд "Шарофат, ман ба як мушкилӣ рӯбарӯ шудаам. Ту бояд ба ман кӯмак кунӣ. Ман туро дар ширкатамон номнавис мекунам, яъне гӯё ту дар ин ҷо кор мекунӣ. Мо аз бонк ба номи ту пул қарз мегирем. Бисёр не, ҳамагӣ 7000 сомонӣ мегирему халос. Худамон қарзро бармегардонем, натарс

Ман даррав “майлаш” гуфтам, чунки хубиҳояшро фаромӯш карда, наметавонистам. “Бояд, ки ман ҳам ба дӯстам дар чунин рӯз кӯмак кунам” – гуфта, аз падару модарам пинҳонӣ рафта, 7000 сомонӣ ба мӯҳлати як сол аз бонк қарз гирифтам.

Аз байн як моҳ гузашт. Дигар на занг мезаду на суроғ мекард. Вақти пулсупорӣ ба бонк шуд. Ҳар рӯз занг мезадам, аммо телефонаш хомӯш буд. Ночор ба ҷои кораш рафтам, вале 2 ҳафта қабл аз кор пеш шудааст. Ба хонаашон рафта, ҷанг кардаму бо як азоб 500 сомонӣ гирифта, ба бонк супоридам.

Ин моҳ боз муҳлати супоридани пул наздик мегшавад. Намедонам, ки акнун чӣ кор мекунам. Бояд боз 500 сомонии дигар супорам, аммо ягон тини зардак ҳам надорам. Дарк кардам, ки дугонабозӣ оқибатҳои хуб надорад. Ба ҳеҷ кас бояд бовар накард.

Шарофат,

сокини ш. Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД