Formula novemver 2024
ДУ ТОБУТИ ХУНЧАКОНИ ТОҶИК
4013


Боз ду модари тоҷик дар мотами фарзанд зор-зор меноланд...
Боз қомати ду падар дар зери бори ғам шикаст...
Боз ду хонаи тоҷик мотамсарой гашт...

Боз ду ҷомаи домодӣ дар сари мех бесоҳиб ва зору ҳайрон монд...
Боз ду ҷавони навхати ҳанӯз аз сад гулашон як гулашон ношукуфта абадан ин дунёи бевафоро падруд гуфтанд...
Боз садамаи рӯй дод! Ду садамаи марговар дар як рӯз!

Садамаи аввал дар пйтахт, аниқтараш дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба вуқуъ пайваста, ронандаи 21-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Абдураҳимов Ортиқҷон ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Зарафшон ба самти кӯчаи А. Сино дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №75 аз ӯҳдаи идора кардаи нақлиёт набаромада ҷавони 20-25 солаеро пахш намуд. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ҳамагӣ пас аз се-чор соат як садамаи маргбори дигар сар зад ва ҷони боз як ҷавони бегуноҳро рабуд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Ҷӯраев Маҳмадмусо Мадаминовичи 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти шаҳраки Ғарм, дар ҳудуди 6-ум километри шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, велосипедрон Ҳикматулло Идибекови 17-соларо пахш намуд. Дар як лаҳза хуни ин ҷавони ормонӣ, ки дар курси Коллеҷи техникӣ таҳсил мекард, заминро гулгун намуд ва Ҳикматуллои номурод дар зери чархи мошин ҷни ширинашро ба ҷонситон супурд.

Фасли зимистон фаро расидаву боридани барфи зиёд дар назар аст. Ронандагни азиз, бори дигар аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳ эҳтиёткор бошед ва ҳаёти худу дигаронро дар хаар нагузоред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД