Ду соат дар зери барф
27.12.2025
Oila.tj
111

Сокини Лаҳистон барои сабти рекорди Китоби рекордҳои Гиннес ду соат дар барф танҳо бо тагпӯш хобид. Дар ин бора нашрияи маҳаллии Fakt рӯзи 13-уми январ хабар дод.

Акнун рекорди Гиннес оид ба тӯлонитарин вақти тамоси мустақими тамоми ҷисм бо барф ба ин мард тааллуқ дорад. Тибқи маълумоти нашрия, Лукаш, ки бо лақаби Iceking низ маъруф аст, соҳиби се рекорди дигар ҳам мебошад. Ин дафъа ӯ натиҷаи Валериан Романовскийро шикаст дод, ки қаблан 1 соату 45 дақиқаю 9 сония дар дохили барф истода буд.

Қайд мешавад, ки ҷараёни сабти рекордро садҳо нафар тамошо мекарданд ва табибони ёрии таъҷилӣ саломатии Лукашро зери назорат доштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД