Sebiston new 2024 october
ДУ КОРДЗАНӢ ДАР ЯК РӮЗ
1434

Қасдан расонидани осеб ба саломатӣ ва дидаву дониста аз ҳаёт маҳрум намудани инсон амали ваҳшониест, ки ҳамагӣ онро маҳкум намуда, иҷрокунандаи ин кирдорро ҷавобагрии ҳатмӣ интизор аст.

Рӯзи гузашта кормандони милитсия марди 30 - солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.

Номбурда, санаи 9 октябри соли 2020, тахминан соати 15:30 дақиқа ҳангоми дар роҳи пиёдагарди назди мағозаи «Азим», воқеъ дар бозори «Панҷшанбе» - и шаҳри мазкур ба фурӯши ҳасиб ва ҳасибчаҳо машғул буданаш, аз сабаби муноқишаи бамиёномада, бо марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1 маротиба ба гардан ва 1 маротибаи дигар ба шикамаш задаст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Айни ҳол, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ санаи 16 октябри соли 2020, тахминан соатҳои 19:10 дақиқа марди 35 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак аз сабаби муноқишаи бамиёномада, бо амакаш - марди 52 - солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дардасташбуда, 4 маротиба ба аъзоҳои баданаш задаст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД