Беназорат гузоштани кӯдакони хурдсол метавонад фоҷиаҳои сангинро ба бор оварад. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаиТоҷикистон аз сар задани ду ҳодисаи ғарқ шудани хурдсолон дар об хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 1-май дар деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода як кӯдаки 5-сола ба дарёчаи Қаратоғ афтида, ғарқ шудааст. Кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофии гражданӣ ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расида бошанд ҳам, наҷот додани ҷони ин кӯдаки маъсум ба онҳо муяссар нагашт. Ҷисми бе ҷони кӯдаки ғарқшударо бади ним соат пайдо намуда ба волидонаш супурданд.
Ҳодисаи дуюм санаи 2 май рӯй дода, фарзанди 7-солаи як сокини деҳаи Косагардони Ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми аз пул-купруки деҳа гузаштан ба об афтида, ғарқ шудааст. “Корҳои ҷустуҷӯи ин кӯдак ҳамоно идома доранд”-мегӯяд манбаъ.
Ба хотири пешгирӣ кардани чунин ҳодисаҳои нохуш мо аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандони хурдсоли худро бе назорат намонанд. Нагузоред, ки кӯдакони хурдсол тани танҳо дар канори роҳ ё соҳили дарёву каналҳо гаштузугор намоянд, зеро як лаҳзаи бепарвоӣ метавонад боиси зери чархи ягон мошин мондан ё ба дарёву рӯдхона афтида, ғарқ шудани кӯдаки хурдсол гашта, дар дили аҳли оила, хоса дар қабли волидон доғи абадӣ ниҳад.