Қаҳрат омаду боз чизеро андеша кардиву чизе нагуфтӣ.
Гуфтамат:
- Инро дон, ки ман он ҷавонро ноумед намегардонам. Ҳарчанд дӯсташ ҳам надорам, вале ба ӯ мерасам. Барқасди ту, фаҳмидӣ?
- Ман туро маҷбур карданӣ нестам, вале ҳаёт бозича нест ку. Ҳамсарӣ бояд барои як умр бошад.
- Ту бозичааш карда тавонистӣ ку. Акнун маро насиҳат мекунӣ боз?
- Ин хатои ҷавонӣ буд. Падару модарам кунун пушаймонанд, ки чаро дар вақташ садои дили маро нашуниданд. Ман ҳам беҷуръату беиродагӣ карда, духтари хушкардаи онҳоро гирифтам. Вале аз шаби аввали никоҳ дидам, ки ӯ чӣ зоту авлоде будааст.
- Пас барои чӣ худи ҳамон шаб ӯро пеш накардӣ?
- Дилам сӯхт. Бисёр гиристу гуфт, ки худро мекушад.
- Биё, беҳтараш дӯстони қарин мемонему гузаштаро фаромӯш мекунем.
- Чаро ба гапи дил гӯш намедиҳӣ, Назира? Чаро худро мефиребӣ? Охир на ту ва на ман якдигарро аз хотир бароварда наметавонем. Ин ҳама саҳнабозӣ ба чӣ хотир аст? Маро сӯзонданӣ ҳастӣ?
Боз хандидам. Охирин бор пурсидm:
- Зани ман шудан мехоҳӣ ё не?
- Дер шуд, дер…
- Ҳоло ҳамааш дар пеш. Вақт ҳаст. Ҳамааш ба ту вобаста аст.
- Не, не,- нуқта гузоштам ба суҳбати вопасинамон.
Вақте ки даъватномаи тӯйи арӯсии Назираро ба Назир хоҳараш оварда расонид, ӯ аз рашк намедонист, ки чӣ хел қаҳру ғазабашро паст кунад. Ана, акнун фаҳмид, ки барои Назира ҳам он вақт осон набудааст.
- Вале вай бояд маро мефаҳмиду шавҳар намекард. Дигар ман ин ҷо намеистам. Меравам ба назди тағоям ба Русия. Ҳамон ҷо кор меёбам. Бе Назира ин шаҳр бароям торикистон аст,- дам ба дам сигор мекашиду Назир қасди рафтан аз ватанро мекард.
То рӯзи тӯй ман парвое надоштам. Вале рӯзи тӯй гӯё табларза гирифторам шуда бошад, рангам сап-сапед канда, дилам дар қафаси сина бозӣ мекард. Тарсу ҳаросе маро фарогир шуд. Хаёлам, ки ҳозир муъҷизае рух медиҳаду ту бо аспи афсонавие пайдо мешавию маро аз байни тудаи одамону молу либоси боҳашаммат рабуда, мегурезӣ.
Агар ман мард мебудам, ҳамин хел рафтор мекардам. Духтари дӯстдоштаамро аз таги чодари арӯсӣ медуздидам. Бо ҳамин хаёлҳои аҳриманиву ширин либоси арӯсӣ ба бар мекардаму гумонам, ки ана ҳозир мебиёӣ.
Аҷоиб, чаро ман то ҳоло туро дӯст медошта бошам? Ба дил тақозо мекунам, ки ба ӯ нафрат кун. Дил бо дард мегӯяд: диле, ки дӯст медорад, бад дида наметавонад. Сари мизи пурнуқлу навои базм дар бари домоди сарватманду зебо нишаста, хотирам парешон аст. Чунки туро намебинам байни онҳо. Куҷоӣ ту? Чаро ба тӯй наомадӣ? Ман танҳо барои туро сӯзондан ин қадар шукуҳу шаҳоматро мехостам.
Назир дар фурудгоҳи ҳавоӣ интизор, дар даст даъватномаи тӯйи Назира, ба дил мегуфт: «… Эҳ Назира, Назираи гарданшаху якрав. Чаро бо дасти худат бахтатро сӯзондӣ. Охир ману ту якдигарро сахт дӯст медоштем. Хайр, шояд бо ин ҷавон хушбахт шавӣ. Ту бо ин рафторат дили маро сахт шикастӣ. Афсӯс…».
Назира ҳанӯз ҳам умед дошт, ки Назир меояду бо зӯрӣ ӯро аз ин ҷо гирифта мебарад ба дуриҳои дур.
Ҳавопаймо оҳиста-оҳиста аз чашм нопадид мегашт. Арӯсро ёр-ёркунон ба хонаи домод бурданд. Ин соату дақиқаҳо ду қалби шикаста якдигарро хайрбод мегуфтанду мегиристанд: яке аз пушаймониву бераҳмии қисмат, дигаре аз ғурури ноҷову қасди гирифтааш.
Шаҳлои НАҶМИДДИН