arzon replenishment
Ду қалби шикаста (ҚИСМИ 1)
1085

… Туро пас аз чанд вақти тӯйи домодиат дидам. Чеҳраат гирифтаю маҳзун, чашмонат фурӯрафтаю мӯйсарат гирдак-гирдак рехта. Туйи 29-сола дар назарам чун ҷавонмарди 37-сола менамудӣ.

Хостам худро нодида вонамуд карда, аз наздат гузашта равам. Аз дастам бошаст доштию салом гуфтӣ ва афзудӣ:

- Шуморо як дақиқа мумкин?

- Ассалом,- гуфта тавонистаму халос. Сарам чарх зад аз густохият. Охир, ҳафт сол пештар ҳангоми нахустин дидор ту ин суолро ба ман дода будию ман бо қаҳру ғазаб дастатро аз дастам раҳо намуда, бе сухане аз наздат гузашта рафта будам.

- Аҳволат чӣ тавр? Хабар омад, ки ба шавҳар мебаромадаӣ,- суханони навбатии ту маро ба гузаштаи дуру ширин, ба худ овард.

- Ман хеле хуб ҳастам. Тӯй ҳам наздик. Ту агар дар тӯят маро хабар накарда бошӣ ҳам, ман туро ҳатман даъват мекунам.

- Ман медонам, ки ту ҳеҷ гоҳ маро намебахшӣ. Вале, бидон, ки ту ҳам ҳеҷ гоҳ хушбахт намешавӣ.

- Чаро хушбахт намешудаам? Охир домодшаванда ҳама чиз дорад. Зиндагиам шоҳона хоҳад гузашт.

- Не, хато мекунӣ... мисли ман… пушаймон мешавӣ. Ман дар зиндагӣ бо шахси падару модарам зиндагӣ карда, дарк кардам, ки дӯстдорӣ чисту шахси мехостагиат чӣ қадар қадру қимате дорад.

- Яъне, чӣ гуфтанӣ ҳастӣ?

- Ман албатта худро сафед карданӣ нестам. Вале, илтиҷоят мекунам, ки хуб фикр куну аз баҳри он домоди сарватманд баро. Худро бадбахт масоз. Росташро гӯй, магар ҳоло ҳам дилат бо ман нест?

- Нест, нест,- аз ӯ гиряолуд дур шуданӣ шудам.

- Исто,- омирона дод задӣ ту. Хоҳиш кардӣ, ки ба ҷойи дӯстдоштаамон, ба Кӯли Комсомоли шаҳри Душанбе рафта, оромона суҳбат намоем.

Мани ба дидору суханат ташна аввал якравӣ карда гуфтамат, ки ту дигар барои ман ҳеҷӣ ва суҳбати мо арзише надорад.

- Канӣ ба ҳама муқаддасоти олам қасам бихӯр, ки маро ботамом фаромӯш кардаӣ. Хомӯшӣ, пас рафтем. Ман ончунон ба сухану лаҳни ширини ту ниёзу эҳтиёҷ дорам, ки тасаввураш номумкин аст.

Ин лаҳзаҳо ақл гӯё бо дил дар часпу талош буд. Ақл таъкидам мекард, ки наравам, вале дил маро кашола карда бо худ мебурд.

- Чаро ин қадар харобу рангат зард шудааст?

- Барои он ки ба хотири чизе бо ин «ҷанҷоливу бефаҳм» ҳамхона гардидаму қадри ишқи туйи поку покизаи хешро хеле дер фаҳмидам. Сазоям ҳамин.

- Ана омадем ба ҷойи ҳамешагии хеш. Ёдат омад, орзу кардани ҳардуямон? Чашмонамонро мепӯшидему аз замин сангча гирифта, ба оби кӯл ҳаво медодем.

- Шуд, дар ин бора бас,- аз сӯзиши дил сӯяш дод задам ман.

- Медонам, ки ин хиёнати маро ту ҳеҷ вақт бахшида наметавонӣ. Вале ту худат доимо мегуфтӣ, ки муъҷизаи муҳаббат дар бахшандагист. Пас, бубахш маро, биё ба ман ба шавҳар баро.

- Занат чӣ мешавад?

- Ман кайҳо ҷавоби ӯро додаму бо чизу чорааш бурда ба хонаи модараш мондам. Байни мо ҳамдигарнофаҳмӣ ба вуҷуд омада буд.

- Чӣ, магар ӯ эътироз накард?

- Не, чунки дид, ки ҳарду ба хотири чизе лӯхтаки дасти волидайн гардидаем. Ваъда дод, ки рӯзҳои наздик барқасд ба бачаи очааш бӯса накардагӣ ба шавҳар мебарояд.

- Рашкат намеояд?

- Не, баръакс. Бисёр хурсандам, ки осон аз ӯ ҷудо шудам.

- Ҳа-ҳа, афсонаи навбатии ишқи дурӯғин,- баланд хандидам ман.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД