Дар сомонаи расмии ВКД қариб ҳар рӯз ахбор дар мавриди ба садама дучор шудани ронандагон нашр мешавад. Қариб ягон садама бе талафоти ҷонӣ нест. Ҳолати мазкур нигаронкунанда аст.
Дар ҳамин замина, як рӯз қабл, ронанда Чарыев Жанмурад Қличович дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар қитъаи заминҳои кишти ҷуворимаккаи канори роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷаи ин садамаи маргбор ронандаи 37 – солаи нақлиёт ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоша, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Аз ҷониби мақомот нисбати ин қазия тафтишот идома дорад.