Акмал ба идораи сомонаи "Оила" занг зада, аз камчинии дору дар дорухонаҳои пойтахт шикоят бурд.
Ӯ мегӯд, ки бародараш дар беморхонаи "Истиклол" ба гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ аст. Духтурон барои ҳар чӣ зудтар сиҳат ёфтани бародараш дорухат навишта додаанд, ки Акмал бояд харида орад. Ӯ гуфт:" ба шаш аптекаи шаҳр сар халонда бошам ҳам, вале аз шаш доруи навиштаи духтурҳо яктояшро меёбаму дигарашро не. Вақте аз онҳо пурсидам, ки чаро доруҳоро таъмин намекунед, гуфтанд, ки дору нест, тамом шудааст. Ба дигар дорухона рафтем, ҳамин хел. Фақат мо надорем, буд посухашон. Вақте дору набошад, беморон чӣ кор мекунанд?".
Акмал аз он, ки доруҳои бародарашро кӯча ба кӯча ҷуста, сари вақт наëфтааст, гила мекунад. Ба қавли ӯ дар ҳолати вазнин будани бемор дар дорухона дору набошад, шахс бояд чӣ кор кунад. Ӯ мегӯяд, ки Вазорати тандурустӣ бояд аз ҳоли дорухонаҳо хабар гирад. Акмал ягона шахсе нест, ки дар ба дари дорухонаҳо дору меҷӯяд. Мастона низ мегӯяд, ки "барои пайдо намудани доруҳои модарам ба маҳаллаи "Саховат", аниқтараш дорухонаи "Гарант" рафтам. Дар он ҷо бистум нафар дар навбат будам. Вақте навбатам расид, доруфурӯш гуфт, ки дутояшро дорам, чортояшро аз дигар ҷо пурс. Ин дар ҳолест, ки мардум наметавонанд, ҷони наздиконашонро аз панҷаи дард халос намоянд.