Formula novemver 2024
ДОНИШҶӮ БА ДОНИШГОҲ НЕЮ ЗЕРИ ХОК РАФТ!
5230

Тибқи иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 31 - уми июл дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар деҳаи Ёвони ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ миёни чанд ҷавони деҳа задухӯрд сурат гирифт.

Ҷавонон тавассути сангу чӯбу лагад ҳамдигарро мезаданд. Дар натиҷаи ин муноқишаи гуруҳӣ сокини ин деҳа Раҷабов Азизбек аз қисати сар ва бадан ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхонаи шаҳри Панҷакент бистарӣ шуд. Мутаассифона, табибон бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд ҷони ӯро аз панҷаи беамони марг наҷот дода натавонистанду ӯ дирӯз ҷаҳонро падруд гуфт. Падари марҳум дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия буда, модараш хонашин аст.

Дар ин муноқишаи гурӯҳӣ 2 нафари дигар ҳам осеб дидаанд, ки табибон ҳолати онҳоро хуб маънидод менамоянд. Шахсияти осебдидагон ба редаксия маълум нест.

Сокинони деҳа ва шоҳидони ҳол мегӯянд, ки Азизбеки фавтида аз ҷониби ҷияни Эшони Амирхон ном руҳонӣ ва хешу таборонаш мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир дар деҳаи Ёвон баҳсу мунозираҳо ва ҳақорат миёни хешу табори эшон ва мардуми деҳаи Ревади ҳамсоя сурат мегирифтааст.

Ба гуфти як шоҳиди ҳол (бе зикри ном) бо сабабҳои номаълум кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ аз тафтиши ин қазия худдорӣ карда, нисбат ба он бетарафӣ ва беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Манаъ мегӯяд, ки ҳамаи он ҷавонони деҳаи Ёвон, ки ин амали ҷиноятиро содир кардаанд, озоданд.

То ҳол назари Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти ноҳия маълум нест. Мухбири мо ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, бо расидани тозатарин иттилоъ онро пешниҳоди шумо мегардонад.

Бояд гуфт, ки марҳум Азизбек Раҷабов тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуд, аммо дар курсии донишҷӯӣ нанишаста, ба зери хоки хунук рафт.

Ёвон деҳаест дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ. Аз Ёвон то маркази ҷамоат 8 км ва то маркази ноҳия 40 км роҳ аст. Аҳолиаш 915 нафар (2017) буда, тоҷикон мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД