Зеби хона
Дар хонаи тоҷири сарватманде ба дунё омадаам, падарам чандин мағозаҳои либосҳои занона доранду модарам бошад, чанд мағозаи либосҳои арўсӣ. Ду бародарам маълумоти олӣ дошта бошанд ҳам, аз рўйи тахассуси худашон кор накарда, ба волидонам ёрӣ мерасонанд. Бародари калониям ҳамроҳи оилааш дар ҳамсоягиамон зиндагӣ мекунаду бародари хурдиам бошад, ҳамроҳи падару модарам дар ҳавлии падарӣ.
Духтари тоҷир бошам ҳам, ҳаргиз худамро нишон намедодам, бисёр оддӣ либос мепўшидаму дар интихоби дўсту дугона низ фарқ намегузоштам. Пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи забонҳо дохил шудам. Азбаски забонҳои русию англисӣ ва туркиро хуб медонистам, қарор додам забони чинӣ меомўзам. Донишгоҳро хатм карда, шаш моҳи дигар дар Хитой таҷриба омўхта, ба ватан баргаштам. Бисёр мехостам корамро чун тарҷумон дар ширкати хориҷие ба кор дароям.
Хостгорӣ
Як субҳи барвақт тараддуди хизматгорзан ва янгаамро дида, гумон кардам, ки меҳмонони навбатӣ меоянд, зеро хонаамон ҳамеша сермеҳмон буд. Вале янгаам чашмак зада, гуфт: “Тайёриятро бин духтар, хостгорон меоянд”. Бо янгаам мисли дугонаҳо меҳрубонем ва бо шухӣ гуфтам: “Ман тайёр!”.
Хостгорон аз тарафи як хонаводаи сарватманд буданд, падари домодшаванда мисли падарам тоҷир будаасту чанд бор мушкили ўро ҳал карда, бо ҳамдигар дўстони наздик шуда мондаанд. Волидонам, ҳатто розигии маро напурсида, маро фотеҳа карданд. Модарам гуфт, ки сурати домодро дидааму ҷавонмарди зебои соҳибмаълумотесту ба тиҷорати мошин сарукор дорад. Писари чоруми хонавода буда, хонаву дари алоҳида низ дорад. Ман ба модарам гуфтам, ки мехоҳам домодро дида, ҳамроҳаш суҳбат кунам, чӣ тавр ба шахсе, ки дар умрам ўро надидаам, хонадор мешавам?! Модарам маро сарзаниш карда, гуфт: “Ман падаратро танҳо дар зери чодар дидам, аммо аз рўзи аввали зиндагиямон ба ҳамдигар мунису ғамхорем. Ин хел гап нест!”. Ман паст наомада, гуфтам: “Очаҷон, ман мехоҳам оянда кор кунам, оё домоди ёфтаатон ба ин розӣ мешавад?”. Гуфт: “Розӣ шавад, кор мекунӣ, нашавад, не, гапи бисёр назан”…
Бо ҳамин, дигар мо дар бораи домодшаванда, ки ман бояд қисматамро бо ў мепайвастам, гап назадем. Тарафи домод ба ҷойи ҷиҳоз пул додаанду модарам мувофиқи хости худашон барои ман чизу чора хариданд. Аз хешони домод танҳо падару модарашонро дидам, ки хеле шахсони меҳрубону маданӣ метофтанд. Хусусан модараш аз як нигоҳ ба ман маъқул шуд. Ӯ дар иди Қурбон бароям идона оварда, дастмонаи тиллоии зебоеро ба дастам карду аз пешонаам бўсида, гуфт: “Ман ба хонаам се келин не, се духтар овардаам. Ту духтари чорум ва кенҷаю азизи ман мешавӣ, бачаҷон”. Ман низ аз рухсораҳои ў бўсида, раҳматаш гуфтам. Ин корам ба модарам хуш наомад, вале модари домодшаванда сахт оғўшам кард, фаҳмидам, ки меҳрубониям ба вай форид…
Хоби даҳшатнок
Рўзи тўйро муайян карданд, шаб сару танамро шўста, барвақттар хоб рафтам, зеро субҳи дигар бояд ба назди машшота мерафтам. Шаб ҳамроҳи янгаи калониям дар як хона хобидем, ними шаб хоби ҳавлноке дидам. Дар хобам ҷавоне маро кўча ба кўча сур мекард, аз чашмони ў хун мерехту дар дасташ корд дошт, ҷавон аз мўям дошта, кордро ба гулўям монда буд, ки ҷонҳавл дод зада, аз ҷоям хестам. Янгаам аҳволи маро дида, талхакаф шуд, ў маро ба оғўш гирифта, об дод. Баъд рафта таҳорат гирифта, сипандуд карда, чанд сураро хонда, ба рўям куф кард, ки кай хобам бурдааст нафаҳмидам. Субҳ ҳамроҳи дугонаам ба назди машшота рафтем, пас аз чанд соати заҳмату меҳнати машшота ба оина нигариста, худамро дар оина нашинохтам. Машшота - духтараки хушчақчақи зебо гуфт: “Ту худат духтари зебоӣ, ман фақат ҳамон зебогиятро каме об додаму халос”…
Пас аз чанде акаам омада, моро ба хона бурд, дар хона моро домод мунтазир буд, мо бояд аввал никоҳ карда, баъд ба загс ва баъд, ба тарабхона мерафтем. Вақти никоҳ ман аз шарм ба чеҳраи домод нигоҳ накардам, танҳо вақти ба мошин нишастан ба шавҳарам нигариста, ба даҳшат афтодам. Ў ҷавоне буд, ки шаб дар хоб дида будам...
(Давом дорад)
Н.
Таснифи Нисо ХОЛИД