Ҷашни висол
Мо пас аз расмӣ кардани никоҳамон ба «Боғи Ирам» рафта, аксбардорӣ кардем, ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гул мондем, баъд ба тарабхона рафтем. Дар тўямон беҳтарин ситораи эстрадаи тоҷик ҳунарнамоӣ мекард, ҳаҷвнигори шинохтае баранда буд. Ёру дўстон шодона мерақсиданду моро табрик мегуфтанд, аммо дилам сип-сиёҳ буд. Сояи сиёҳи хоби дидаам дар ин рўзи шодмонӣ, ки барои инсон дар умраш фақат як бор рўй медиҳад, ба дилам фишор меовард. Ба ҳаракатҳои домод нигариста, медидам, ки ў зиёд меҳрубон аст. Вақти ба эҳтироми касе боло шуданамон бо меҳрубонӣ «мехезем» мегуфту пеш аз нишастан, «ҷонакам, мешинем» гўён, ба ман барои нишастан ёрӣ мерасонд. Худро бовар кунонданӣ мешудам, ки аз дасти ин ҷавонмарди зебои меҳрубон ҳаргиз бадӣ намеояд, вале эҳсосам чизи дигар мегуфт…
Чил рўзи хушбахтӣ
Дар ҳавлии калони хусуру хушдоманам моҳи асали ману шавҳарам гузашт, хушдоманам намегузошт, ки ман дастамро ба оби хунук занам. Аслан, дар ин қасри бошукўҳ на авсуни калониям, ки бо ду фарзандаш ҳамроҳи волидон мезист, кор мекарду на духтари қадраси онҳо, на хушдоманам. Кору бори хонаро ду ҷавонзани хизматгор ба ҷо меоварданд, барои кори боғу рўйи ҳавлӣ бошад, мўйсафеде вобаста буд. Дар ошёнаи якум ошхонаю хонаи хоби хизматгорон, гаражҳо воқеъ буданд, дар ошёнаи дуюм меҳмонхонаҳои барҳаво, дар ошёнаи сеюм бошад, хонаҳои хоби аҳли хонавода. Авсунам ҳангоми як ба як монданамон маро бо тарзи зиндагии хонавода шинос карда, гуфт:
- Хонаву дари падарӣ моли шавҳари ман, писари калонии хусуру хушдоманам шуданд. Ғайри ин, мо барои ду фарзандамон аз маркази пойтахт хона харидаем, ду ҳевари дигарам низ, ҳавлии алоҳида ва хонаҳо дар бинои баландошёна доранд. Тиҷорати шавҳари ту ҳам хуб аст, пас аз гузаштани чиллаи арўсият ба хонаи дар маркази шаҳр будаатон меравед, то фарзанддор мешавед, ки сохтмони ҳавлиятон тамом мешавад.
Ман дар ин чанд рўз хоби дидаамро фаромўш кардам, зеро шавҳарам ба ман чун ошиқи шайдо муносибат карда, маро ба қавле рў-рўи даст мебардошт. Пас аз гузаштани чиллаамон ману шавҳарам ба саёҳати тўёна, ба Аморати Муттаҳидаи Арабистон сафар карда, ду ҳафта дар Дубай истироҳат кардем. Ман худамро хушбахттарин зани дунё медонистам, аҳли оилаамон низ, аз хушбахтии ман шод буданд.
Дар манзили худ
Чун аз Дубай баргаштем, хушдоманам зиёд тагпурсӣ кард, ки аҳволи писараш хуб буд ё не? Ман ҷавоб додам, ки ҳамааш хуб буд. Аҳли оила маслиҳат карда, маро ба хонаи худамон гусел намуданд. Хонаи панҷҳуҷрадор дар бинои навсохти маркази шаҳр, хеле олӣ таъмир дидаю ҷиҳози қиматбаҳо дошт. Шавҳарам аз рўзи аввали зиндагиямон дар хонаи нав таклиф кард, ки хизматгор гирем, аммо ман розӣ нашудам, зеро худам аз ўҳдаи кору бори рўзгор мебаромадам. Шавҳарам хандида, гуфт:
- Ту аз авсунҳоят қафо намон, охир ҳар кадоми онҳо хизматгор доранд!
Ман рад кардам… Зиндагиямон хуб мегузашт, боре ба шавҳарам гуфтам, ки мехоҳам кор кунам, вале ў розӣ нашуд: “Ман намехоҳам занам азоб кашида, кор кунад, ман ҷавон ҳам бошам, ҳозир бо пули дар гардиш будаам оилаи худамро то пиронсолӣ хӯрондаю пўшонида метавонам”. Ман ба ҷуз розӣ шудан илоҷе надоштам…
Ниқоби афтода
Тӯли ду-се моҳи зиндагӣ фаҳмидам, ки шавҳарам субҳгоҳон ниҳоят асабӣ мешавад, аз ин рў кӯшиш мекардам, ки рафтори ноҷое накунам…
Як субҳ ду соат пештар аз шавҳарам бархоста, ба ҳаммом даромада, оббозӣ кардам, мўямро хушконида, либосҳомро пўшида, ба ошхона гузаштам, ки наҳорӣ тайёр кунам. Ҳамин вақт шавҳарам низ хест, ў ҳар субҳ шарбати сабзӣ менӯшид, хостам то аз ҳаммом баромаданаш шарбаташро тайёр кунам. Вале шарбаттайёркунак аз дастам раҳо хўрда, ба замин афтоду садои гўшхароше баровард. Ӯ “дастонат шикастаанд?” гўён, ба рўям шаппотие фаровард. Аз хашм рўяш каб-кабуд шуда буду аз даҳонаш кафк мепарид. Ман ки аз тарс шах шуда будам, дар даҳонам таъми шӯреро ҳис кардам, лабам кафида, даҳонам хуншор шуда буд. Бо дастам хуни лабҳоямро тоза карда, аз назди ў рафтанӣ будам, ки ў боз ба рўям шаппотие фаровард ва аз мўҳоям кашида, намедонам чанд соат маро латукўб кард…
Чун ба худ омадам, рўйи фарши ошхона пури хуну халоф аст, шавҳарам бошад, сарашро миёни дастонаш дошта, хомўш менишаст. Ў ба ҳуш омадани маро дида, “ҷонакам, маро бубахш” гўён, ба оғўш кашиду бўсаборонам кард. Шумо тассаввур намекунед, ў ба сари кафидаю рўйи аз шиддати зарбҳои ў кабуду варами ман нигоҳ накарда, бо ман ҳамхоба шуд. Сару тани ў низ пур аз хун буд. Ман намедонистам чӣ кор кунам ва пайт ёфта, ба хушдоманам занг зада, ҳамаашро гуфтам. Пас аз ним соат хусуру хушдоманам расида омада, аҳволи маро дида талхакаф шуданд…
(Давом дорад)
Н.
Таснифи Нисо ХОЛИД