Sebiston new 2024 october
Домоди тансӯхта ба кӣ даркор аст?
2381

 

Оилаи мо аз 6 духтар ва 2 писар иборат аст. Чор апаам аллакай шавҳар карданду 2 хоҳарам ҳол хурд ҳастанд. Вақте падарам аз дунё гузаштанд, моро модарам бо кори колхоз ба воя расонид. Ба ёдам ҳаст, ки ҳангоми хурд будан бо модарам ба пахтачинӣ мерафтем ва сари ҳар килои пахта 30 дирам кор мекардем. Хулоса, оилаи мо хеле азобдида аст.

Бинобар ҳамин, ман аз модарам хеле миннатдорам. Охир, калон кардани 8 фарзанд кори осон аст? Бародарам доим мегӯяд, ки зиндагӣ мардро мешиканад, аммо модарамро нашикаст ку? Модарам бо вуҷуди зан буданаш 8 фарзандро хӯронду пӯшонд. Ман бо либосҳои кӯҳна ба мактаб мерафтам, аммо ношукрӣ лозим нест, дар он замон баъзе ҳамсолонам либос надоштанд, ки пӯшида ба мактаб раванд. Ҳоло ба сини 22 қадам гузошта истодаам.

Шукр аз 18-солагӣ ба муҳоҷират рафта, каме пул ҷамъ кардаам. Аксари ҷавонон дер зан мегиранд, аммо ман мехоҳам модарам дар синни пириаш аз хизмати келин осояд. Намехоҳам дигар азобашро бубинам. Бародари калониам аллакай оиладор шуда буд, вале бо сабаби он ки ними баданаш сӯхтагӣ аст, занаш ӯро партофта рафт. Ҳоло бародарам дар Русия қарор дораду дигар ёди хона намекунад. Ҳодисаи сӯхтани акаам 25 сол пеш рӯх дода буд. Модарам бародарамро барои нигоҳ кардани ман таъкид карда, худаш ба болои бом барои овардани пахтаи чигитак меравад. Дар рӯйи “печка” сатили оби ҷӯшон будааст. Бародарам мехоҳад маро аз назди он гирифта, дуртар барад. Аммо ман бо як дастам аз дастаи сатили ҷӯшон кашидаам, ки дар натиҷа сатил чаппа шуда, оби ҷӯшонаш ба бадани ҳардуи мо мерезад.

Баъди фоҷеае, ки ба сари бародарам омад, магар ман метавонам бо дили пур зан гирам? Ҳайронам. Ҷисми ман ба андозаи ҷисми бародарам насӯхтааст, аммо дар даст ва як тарафи миёнам нишонаҳои сӯхтагӣ намоён аст.

Мансур

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД