Ҳар падару модар аз рӯзи аввали ба дунё омадани фарзандаш новобаста аз ҷинсаш хушбахтии ӯро мехоҳад. Вақте ки духтар ба дунё меояд, ин хоҳиш дар қалби мо дубора боло мегирад. Зеро духтар дар хонаи падару модар меҳмон ва моли мардум аст.
Ман ҳам як модаре ҳастам, ки духтаи ягонаамро ба сад умеду армон ба воя расонидам. Чор писарамро хонадор кардаму баъд духтарам фарзанди кенҷаамро…
Ман таъриф намекунам, аммо духтарам зебо, хушандом ва ҳунарманд, соҳиби маълумоти олӣ буд. Ростӣ, хостгоронаш аз мӯйи сараш зиёдтар бошанд ҳам, падараш “аввал ӯро мехононам, дипломашро гирифт, баъд ба шавҳараш медиҳам” гӯён, пеши худ мақсад гузошт ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Домод аз хешони дури шавҳарам, набераи холааш мешавад. Чун онҳо хостгорӣ омаданд, шавҳарам не нагуфт, “зиндагии мо тинҷу осуда, онҳо камбағалу домодшаванда бекор” нагуфта, ба хотири арвоҳи холаам гӯён, нон шикастем.
Шукрия ҳам дар ҳавлии дуошёнаи зебо, гули чизро пӯшидаву гӯли хӯрокро хӯрда, ба воя расида бошад ҳам, ба рӯйи падараш нигоҳ накард. Хулоса, онҳо ҷиҳози кироӣ ҳам наоварданд, аммо писаронам барои хоҳари ягонаашон чизеро дареғ надошта, он қадар чизу чорае додемаш, ки ба хонаи дуҳуҷрагии қудоҳо басандагӣ кард.
Домодам байни ҳашт хоҳар писари ягона буд, апаҳояш шавҳар карда рафта бошанд ҳам, доим ба зиндагии хонаи волидонаш дахолат мекарданд. Шукрия аз рӯйи тахассуси доштааш ба бонк ба кор даромад. Хусуру хушдоманаш дӯсташ медоштанду ӯро ноновари хона, келини ба файзу баракат гуфта, таъриф мекарданд. Домодамон бошад, рӯзи дароз назди телевизор нишаста футбол медид…
Писаронам дар Русия тиҷорат доранду Фаридро ҳамеша наздашон мехонданд, ки омада ҳамроҳашон кор кунад ва зиндагияшонро беҳтар созад. Аммо домод “ман дар Русия чӣ гум кардам” гӯён, оби шикамашро намеҷумбонд.
Зиндагии хонаи онҳо бо маоши Шукрия ва нафақаи хусуру хушдоманаш пеш мерафт, бечора духтарам чун дид, ки намешавад, аз бонк қарз гирифта, барои шавҳараш як “Опел” харид, то таксиронӣ намуда, ба буҷаи оила маблағе ворид созад, аммо Фарид то нимрӯз хоб карда, пули ёфтаашро ду бутал пиво мехариду боз назди телевизорро иҷора мегирифт.
Шукрия ҳомиладор шуду ба рухсатӣ баромад, пули барои даврони ҳомиладорӣ ҷудошуда дар шаш моҳ ба охир расид. Зеро хоҳаршӯйҳояш ба ҷои кӯмак кардан ба волидон, ҳар рӯзи шанбеву якшанбе ба хонаи танги онҳо зиёфатхӯрӣ меомаданд.
Бечора духтарам лаб зери дандон ба ҳамааш тоқат мекард, духтарчааш чормоҳа шуду боз ба кор баромад. Мисли мард кор мекард, ман ҳам пули ёфтаамро ба ӯ медодам, либосаш мехаридам. Бародаронаш ёрияш мерасониданд, ҳамин хел кӯдаконаш чор нафар шуданд, ду писару ду духтар, зиндагияш вазнинтар гардид, вале ақли Фарид ҳеҷ надаромад.
Хусуру хушдоманаш дар бемории ковид фавтиданд, дар ҳамин давра мошинашонро низ фурӯхта хӯрданд ва духтарам аҳд кард, ки ба Русия меравад, дигар илоҷ надошт. Шавҳарам хост рафта бо Фарид маслиҳат кунад, аммо Шукрия гуфт:
- Дадаҷон, одаме, ки бо пули нафақаи волидони пираш зиндагӣ мекунад, оё бӯе аз мардӣ бурдааст? Вай дилаш ба волидонаш, фарзандонаш намесӯзаду дигар намешавад, магар бо гапи шумо тағйир меёбад? Беҳтараш ман худам роҳи зиндагиямро меёбам…
Шукрия кӯдакони хурдсолашро, ки калонӣ дувоздаҳсола ва хурдӣ сесола буд, бо шавҳараш монда, ба Русия рафт. Фариди беномус розӣ шуд, ки бар ивази пул фарзандони худро парасторӣ кунад.
Шукрия духтари корчалон, ки буд, дар як муддати кӯтоҳ бо ёрии бародаронаш дар Русия мавқеи худро ёфт. Ҳар моҳ маблағи зиёде ба Фарид равон мекард, боз пул ҷамъ мекард то омада хонаашро фурӯхта, хонаи кушодтар харад. Ману бобояшон ҳар шанбеву якшанбе кӯдаконро ба ҳавлӣ меовардем, аслан мо зимистон дар Русия бо писарон ҳастему баҳору тобистон дар ватан.
Чун зимистон фаро расиду мо ба Русия рафтем, Фарид ин ҷо ҷавонзанеро ба хонааш овардааст ва ҳамроҳи ӯ зиндагӣ оғоз намудааст. Акнун ӯ ба пули зиёд ниёз дошт ё ҳамзисташ мефармуд, ки аз Шукрия пули зиёдтар мехост. Як рӯз писари калонияш хонаро хилват ёфта, ба модараш мегӯяд, ки падараш зан гирифтаасту пулҳои фиристодаи ӯро сарфи ҳамзисташ мекунад.
Шукрия, ки дар ҳамин қадар азоби зиндагӣ боре чашми намашро надида будем, зор-зор мегирист. Ӯ пеши бародарон ва падараш гуфт, ки фарзандонамро ба Русия меорам, ман товони нигоҳубини онҳоро дорам, бо он ҳаром дигар зиндагӣ намекунам ва ба Ватан рафт. Аммо Фарид на танҳо танпарвару ҳаромгард, балки номарду ноодам ҳам будааст.
Ӯ ба Шукрия мегӯяд, ки то бароям як миллион рубли русӣ надиҳӣ, ба кӯдакон боварнома намедиҳам, ки онҳоро ба Русия барӣ. Бечора духтарам ба бародаронаш муроҷиат кард, писари калониям пулро гирифта, ба Тоҷикистон рафт ва онҳо якҷоя кӯдаконро гирифта, ба Русия омаданд. Ин ҷо мушкили дигаре духтарамро дар пеш буд…
Шукрия худаш, ки танҳо буд, дар хонаи бародари калонияш мезист, бечора духтарам ними шаб аз кор меомаду боз субҳ равшан нашуда мерафт. Акнун янгаҳо ягон нафараш омадани фарзандонашро хуш надоштанд, духтаракам шаш моҳ аз хонаи ин бародараш ба он бародараш рафта зиндагӣ мекард.
Чӣ душвор буд барояш, ман медонистаму ӯ ва Худо. Баъд пулҳояшро ҷамъ карду хонаи якҳуҷрагиеро иҷора гирифт, кӯдаконашро ба мактаб гузошт. Ӯ ду баст дар қаҳвахонаи бародараш кор мекард. Писараш ҳам баъд аз дарс ба ӯ ёрӣ мерасонд, духтаракаш, ки синфи як мехонд, баъди дарс додараконашро аз боғча гирифта, ба хона меомад ва зиндагӣ бар души ӯ буд…
Аз ин рӯзгори талх даҳ сол гузашт, як ҳафта пеш аз Русия баргаштам, духтарам писарашро хонадор кард. Ӯ духтари акояшро келин кард, имрӯз Шукрия шаҳрванди ин кишвари бузург, соҳиби нонпазхона ва қаҳвахонаву хонаи шахсӣ аст.
Писараш Донишгоҳи тиббиро бо ихтисоси дорусоз тамом кард, се фарзанди дигараш ҳам таҳсили илм мекунанд дар беҳтарин литсейҳо. Харидоронаш ҳам зиёданд, аммо мегӯяд “очаҷон, дилам аз марди дунёӣ мондааст”.
Шавҳарам бори хиҷолат бар душ ин оламро тарк кард, ҳамеша мегуфт, ки духтари ягонаамро худам хешу табор гуфта, бо дастони худам бадбахт кардам. Шояд ман, ки як умр ба насли наврас дарси адаб омӯхтааму умрам ба ҳафтод дакка мехӯрад, дар ин бора чизе наменавиштам, вале…
Як рӯз нав ҳамроҳи ҷиянҳоям дар саҳни ҳавлӣ ба тозакунӣ машғул будам, ки чор апаи Фарид бе пушт бе пушт аз дарвозаи кушодаи ҳавлӣ вориди он шуданд. Маро гӯё ягон чиз нашуда бошад, ба оғӯш гирифта “янгаҷон” гӯён, бӯса карданду оғӯш кашиданд, рӯйи одам ширин асту ман онҳоро ба хона даъват кардам.
Зуд дастархон кушодаму ҷиянҳоям дастархонро аз анвои хӯрданӣ пур карданд. Хоҳарон бо гиря сухан сар каданду аз Шукрия пурсиданд, фаҳмидам, ки Фарид хонаи волидонашро ҳам фурӯхта, ҳоло дар ба дари хоҳарон будааст, занаш ҳам баъди тамом шудани пули хона ӯро тарк кардааст.
Акнун хоҳаронаш мехостаанд, ки он беномуси шантажисте, ки чор фарзандашро бо як милион рубли русӣ фурӯхта буд, боз ба назди Шукрия баргардад. Намедонам хотири чӣ буд, ки пеши маро гирифт то ҷорӯби кӯҳнаеро гирифта, ин чор хомфарбеҳи беандешаро аз хонаам наронам. Ба хотири арвоҳи шавҳараму волидони хубашон ба Шукрия видеозанг задам ва ӯ ҷавоби хоҳаршӯйҳояшро ба хубӣ дод…
Мақсади ман аз навиштани сарнавишти духтарам ҳаргиз мазаммати касе нест, фақат мехоҳам волидон дар вақти гузоштани хишти издивоҷи фарзандон эҳтиёткор бошанд то мисли шавҳари ман бо пушаймонии бесуд аз олам нараванд. Ва падароне мисли Фарид масъулият эҳсос кунанд, ҷавонӣ гузарон аст, ҳаргиз зану фарзандони хешро хору зор накунед…
Холбибӣ Сафарова,
сокини ноҳияи Сино