Оғози афсона
Саъдӣ донишгоҳро хатм карду дар яке аз ширкатҳои тиҷоратии падараш ба кор даромад ва он рӯзи деринтизор низ расиду холаам ба хонаи мо хостгор фиристод. Падару модарам хостгоронро бо иззату икром пешвоз гирифта, хоҳишашонро пазируфтанд ва ман бо писари холаам номзад шудем.
Пеш аз тӯй язнаам барои волидони ман туҳфа гӯён ҳавлии зебоеро харидорӣ намуда дод, аҳли оилаамон ба ҳавлии дуошёнаи серҷиҳози зебо кӯчидем. Қиссаи ҳотамии язнаам аз забони атрофиён канда набуд, дар бораи ҷиҳози овардаи холааму зару зевару бриллиантҳои туҳфа намудааш бошад, ҳоҷати гап нест. Ман дар ҳақиқат ҳам маликаи афсонавӣ шуда ба хонаи холаам рафтам. Тамоми маросимҳои пеш аз тӯй, аз қабили ордбезону чойгаштак, оши наҳор дар беҳтарин тарабхонаҳо баргузор гашт. Дар тӯйи арӯсиямон аксарияти ситораҳои эстарадаи тоҷик иштирок доштанд ва ба баъзеяшон навбат нарасиду онҳо хафа шуда рафтанд.
Маро бо тантанаю дабдаба ба хонаи бахтам гусел намуданд. Дар ин лаҳзаҳо ман гумон доштам хушбахттарин духтари дунёям, вале беҳуда нагуфтаанд, ки ҳама сарвати олам пеши бахт ҳеҷанд ва мо пеши сарнавишт бечора…
Домоди гуреза
Холаи пурармонам хонаи хоби ману писарашро он қадар зебо оро дода буд, ки онро танҳо дар филмҳои бехтарини хориҷӣ дидан мумкин аст. Хонаи васеи барҳаво, рахти хоби зебои орододашуда, рӯи миз дастаи бузурги гулҳои садбарг дар гулдони булурин, ҷевону курсиҳои муҷалло, дар лаълии калоне меваю шарбат, хулоса олами афсона, вале Саъдӣ либосҳояшро кашида ба бистар даромаду ба ман нимнигоҳе накарда хобаш бурд. Мани ҳайрону музтар бо либосҳои арӯсиям рӯи қолин дароз кашида хобам бурдааст. Субҳи барвақт аз хоб хеста, гӯё чизе нашуда бошад, тағйири либос кардаму рӯи ҳавлӣ баромадам. Хизматгорон барои меҳмонони дар хона монда субҳона тайёр мекарданд ва маро гардонда ба хонаам даровардану гуфтанд:
- Бону фармон доданд, ки ту ба коре даст назанӣ, даромада баҳузур дар бағали домод хоб кун...
Вале домод парвои ман надошт…
Ба ҳамин минвол як моҳ гузашт. Баъзе шабҳо Саъдӣ ними шаб хеста куҷое рафта меомад, бегоҳҳо бошад, бо як рафиқаш, ки чун соя аз қафояш мегашт, ҳамроҳ буд. Ин рафиқаш Ризо ном дошту Саъдӣ бо ӯ ҳамсабақи донишгоҳӣ буд. Аз рӯи гуфти холаам, Ризо дар ятимхона ба воя расида будаасту Саъдӣ ӯро бародархонд гирифта, аз падараш хоҳиш мекардааст, ки ба рафиқаш ёрӣ расонад. Ризо ҳангоми донишҷӯӣ шабу рӯз ҳамроҳи Саъдӣ буду ҳатто баъди зан гирифтанаш низ аз қафои ӯ мегашт.
Андешаҳои саргум
Пас аз гузаштани чанд вақт холаам сардии байни ману писарашро пай бурда, дар танҳоӣ бо мо суҳбат орост. Ман ба холаам рости гапро гуфтам. Саъдӣ бо чашмони маҳзун ба ман нигариста, гуфт:
- Нисо, ман дасти туро надоштаам, бо ту ҳарфе назадаам, барои он ки туро дӯст намедорам. Ман каси дигарро дӯст медорам, пеш аз тӯй инро ба модарам гуфтам, вале ӯ майли дили худашро кард… Ту метавонӣ ба хонаатон равӣ…
Холаам ҳайратзада аз ин ҳарфҳои писараш ашкашро дошта наметавонисту пичиррос мезад:
- Ту киро дӯст медорӣ? О канӣ ҳамон духтар, наход гул барин арӯсро дӯст намедорам гӯӣ?
Саъдӣ ба модараш нигариста, “гап тамом” гӯён аз хона баромада рафту дигар ба хона барнагашт. Ӯ ҳамроҳи Ризо дар хонаи маркази шаҳр буда зиндагӣ мекарду ман бо холаам дар ҳавлӣ. Холааму язнаам маро ба сабру таҳаммул даъват мекарданд, ман низ ба хотири онҳо тоқат мекардам, аммо баъди ду сол модарам аз воқеа огаҳӣ ёфта, бо хушию хушнудӣ маро ба хонаамон овард.
Имрӯз ман дар хонаи падарам зиндагӣ дорам, вале Саъдӣ на зани дигар мегираду на маро суроғ мекунад, ҳоло ба ҳавлияшон баргаштааст, аммо бе Ризо як қадам намемонад.
Ҷӯрааш аз ҳисоби ӯ соҳиби хонаи алоҳида, мошин ва ҷойи кори хуб аст. Аҷибаш ин аст, ки Ризо низ зан намегирад. Ман кайҳо ба тақдирам тан додаам, аммо як андеша оромам намегузорад: “наход ду марди муҷаррадро танҳо дӯстӣ ба ҳам ин қадар наздик карда бошад? Наход дӯстии онҳо он қадар мустаҳкам бошад, ки дар як хона хоб карда хезанду якҷоя ба хориҷа сафар кунанду бе ҳам натавонанд?”.
Чеҳраи ба занон монанд, нозу ишваҳои Ризои занакмиҷозро ба хотир оварда, гумон мекунам, ки писархолаам ҳамҷинсбоз аст. Агар не, синнаш ба бистуҳашт расида, чаро бо занон муносибате надораду аз ҷӯраи занмиҷозаш ҷудоӣ надорад?!
НИСО
Таснифи Рухсора САИД