Касе, ки асари «Марги судхўр»-и устод Айниро хонда бошад, аз зихнагии қаҳрамони асосӣ Қорӣ-Исмат бо лақаби Қорӣ-ишкамба ба ҳайрат меояд ва шубҳа мекунад, ки одам то ин дараҷа сахти мурдании шабушкхўр мешуда бошад, аммо ман ин гуна одамро дар зиндагӣ дидааму азобашро кашидаам.
Ману ҳамсарам ҳарду омўзгор ҳастем, чор фарзанд, се писару як духтарамонро бо нони ҳалоли омўзгорӣ ба воя расонидаем. Писаронам бо дониши худ ба донишгоҳҳои дилхоҳашон дохил шуданд, яке ҳуқуқшинос, дигаре табиб, саввумӣ иқтисодчӣ аст. Ман омўзгори синфҳои ибтидоӣ, ҳамсарам бошад, омўзгори фанни химия ва биология ҳастем, оилаи моро ҳамчун оилаи намунавӣ мешиносанд. Мо дар ҳавлии аз волидони шавҳарам меросмонда, дар яке аз шаҳрҳои ободу зебои кишварамон зиндагии ободу зебо дорем. Писаронам як-як мактаби олиро хатм карданду бо хости худашон хонадор шуда, хонаҳояшонро ҷудо намуданд, дар хонаҳои падарӣ мо бо писари хурдӣ мондем. Духтарамон Шоиста пайи касби падар рафта, омўзгори фанни химия ва биология шуд. Аслан модар духтари худашро таъриф кунад, айб аст, аммо бояд бигўям, ки духтарам ниҳоят зебост. Бар замми зебоӣ хушахлоқу аз панҷ панҷааш ҳунар мерезад, хостгоронаш аз мўйи сараш зиёданд, вале ману падараш хостгории як хеши дури хусурамро қабул кардем, ки дар ҳамсоядеҳа мезиянд. Модари домодшаванда гуфт, ки писарам “бонкир” асту бо меҳнати худ дар як муддати кўтоҳ дар пойтахт соҳиби хонаву дар, мошин ва ҳама чиз шудааст, мехоҳам духтари зотдори босаводу маълумотдори ба худаш муносибро келин кунам. Хулоса, мо розӣ шудем, бародари калонии шавҳарам андешаманд гуфт:
- Ростӣ, ҳамин қудошавандаро модараш духтартағои падарам буд, аммо зоти падарияш бисёр пасту зихнаву мурдаанд. Падарам ҳамеша мегуфт, ки “Хок дар сари Раҷаб, шабушкашро кушта, хунашро мемакад, бисёр пасту зихна аст!”.
Писари калониям бо ханда гуфт:
- Э амакӣ, устухонҳои Раҷаб дар гӯр намондаанд, ҳоло ин гуна одамҳо нестанд, дунё дигар шудааст.
Мӯйсафеди ҳеварам хомўш ба нуқтаи дуре назар дўхтанд. Мо худамон барои духтари ягонаамон он қадар ҷиҳозе ғундошта будем, ки ногуфтанӣ. Дар назарамон ҷиҳози камбаҳои овардаи тарафи қудошаванда натофт, аммо келинҳоям лаб инҷ карда, гуфтанд, ки “дар Душанбе хона доштаасту тўҳфаҳои овардаашро бинед!” Тўй ҳам хеле хоксорона гузашт, вале мо ки чизпараст набудем, “ҷавонон хушбахт шаванд” гўён, чизе нагуфтем. Ҷавонон танҳо чил рўз дар деҳа монданд ва баъд ба пойтахт рафтанд. Домод дар мактаби наздикии хонааш зуд барои духтарамон кор ёфт, ў дар ду баст кор мекард. Акаҳояш ба хабаргирӣ мерафтанду мегуфтанд, ки домодатон ин қадар ба кор банд аст, ки ҳатто рўзи истироҳат ҳам дар хонааш нест. Боре худам бо келини калонӣ ба хабаргирӣ рафтем ва дар ду рўзи истоданам фаҳмидам, ки чӣ гап аст ва гапи ҳеварам ба ёдам расид. Сафар, домодам, ду қавоқаш сар ба сар ҳамон рўзи рафтагиямон як бор ҳамроҳамон саломалейк карду халос. Бечора духтаракам хиҷолатзада гуфт:
- Очаҷон, хафа нашавед, характерашон вазнин аст.
Рўзе, ки пагоҳаш бояд бармегаштем, шаб духтарам ош пухтанӣ шуд, ман дар айвонча намоз мехондам ва овози домод ба гўшам расид:
- Дина гӯштбирён карда будӣ, имрўз ош мепазӣ? Мастова ё угро кунӣ, намешавад?
Духтарам бо овози паст гуфт:
- Гӯштбирёнро аз гӯшти овардаи худашон кардам, равғани зағир, биринҷ, гӯшт ҳам аз ҳисоби худашон, модарам оварданд, ман фақат сабзӣ харидам.
- Ҳа, як бало карда, ҳама чизҳои овардаашонро пухта те, ба мо намонад, ин қадар модари ту пурхўр будааст!
Духтарам чизе нагуфт, боз овози Сафар баромад:
- Ба янгаат гўй, чангкашакро баҳудаву беҳуда кор нафармояд, вайрон мешавад.
Ростӣ, аз суханҳои шунидаам шок шудам ва хонаи духтар рафтанам ҳамон шуд…
(Давом дорад)
Рухсора САИД