Formula novemver 2024
Домоди миҷинг ҷонамро ба лабам расонд
1578

Салом! Ман як ҷавонзани 20-сола ҳастам ва мехоҳам саргузаштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. 

Орзу доштам, ки мисли дигар дугонаҳоям бо ишқу муҳаббат оиладор шуда, либоси сафеди арӯсӣ - фата пӯшам, дар сари тахти арӯсӣ нишаста, беҳтарин рӯзи ҳаётамро хушбахтона гузаронам, вале падару модарам маро ба ҷавони ношиносе ба шавҳар доданд. Баъди фотиҳа маълум шуд, ки домод ба қавле муллобашара будааст, вале ман “тӯй дар ҳаёти одам як бор мешавад” гуфта, фата пӯшидам. Домод барои бурдани ман омада, бо дидани либосам табъаш хира шуд ва қошу қавоқ гиронда, дар бехи гӯшам пичирросзанон гуфт: “Ҳоло ист, бо ин либоси пӯшидаат рӯзатро сиёҳ накунам, намемонам!”. Тасаввур кунед, ки дар рӯзи тӯй арӯс аз забони домод чунин суханҳои талхро шунавад, ҳолаш чӣ мешавад?! 

Хулоса, аламам омада, зор-зор гиристам, вале дигар роҳи баргашт набуд. Ҳамин тавр бо дили хиҷил ба хонаи домод омадам. Шаби аввал ба ҷойи меҳрубонӣ шавҳарам маро фақат дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, зад. Дарду аламамро ба модарам гуфтам, вале “тоқат кун, ҳамааш хуб мешавад” гӯён, аҳамият надоданд. 

Як сол мешавад, ки ман тоқат карда истодаам, аммо шавҳарам ягон зарра дигар нашудааст. Баҳудаву беҳуда маро мезанад, дашному ҳақорат медиҳад. Дилам аз зиндагӣ бо ин марди дағал ва миҷинг сард гаштааст. Мо фарзанд надорем. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед. Баромада равам ё тоқат кунам?

М. Г.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД