Formula novemver 2024
Домоди ланг
2026

 

Дар оила даҳ фарзанд будем - панҷ духтару панҷ писар. Ман фарзанди аз ҳама хурдии оила ҳисоб меёбам. Шояд дар дигар оилаҳо фарзанди хурдӣ эркаю нозпарвард бошад, аммо ман…

Аз рӯзе, ки худро шинохтам, модарам бемор буду як пояш дар хона ва пои дигараш дар беморхона, гурдаҳояш бемор буданд. Ӯ такрор ба такрор мегуфт, ки аз рӯзи дар қадам задани ту дардманд шудам. Гӯё ман сабабгори ба беморӣ печидани ӯ бошам.

Апаи калониям тамоми кору бори хонаро ба уҳда дошт ва мисли дугонаҳояш ба сайру сайёҳат, тӯю маъракаҳо рафта наметавонист, баъд панҷаҳои сахту шахшӯли ӯ медонистанду мӯйҳои пахмоқи ман.

- Рӯлахчаи аҷина, агар ҳамин ту намебудӣ, очаам бемор намешуду кору бори хонаи калон ба зиммаи ман намеафтод, - мегуфт ӯ бо ғазаб.

Дигар фарзандони падарам низ бо ман номеҳрубонӣ мекарданд, касе ба ман меҳрубонӣ зоҳир намекард. Кӯдакиям камрангу талх буд. Ҳамеша дар гӯшае нишаста, ба фикр фурӯ мерафтам, худамро гунаҳгор эҳсос мекардам. Мегуфтам, ки кош ба дунё намеомадаму модарам бемор намешуд.

Ҳҳамин тавр, оҳиста-оҳиста қад кашида, калон мешудам. Апаҳоям як - як оиладор шуда, ба хонаи шавҳарҳояшон мерафтанд. Бародаронам низ хонадор шуданд, вале ман мақсади дигар доштам …

Қуллаи мурод

Падарам марди ҷиддие буданд. Қариб, ки намехандиданд ва аз ваҷоҳаташон дар дили кас ваҳм хона мекард. Он кас деҳқон буда, дар замини калони иҷораамон ҳар гуна зироатҳо шинонида, ба бозор мебароварданд.

Сухани падарам дар хона қонун буд. Ман дар синфи панҷ мехондам Боре сари дастурхон ба падарам гуфтам, ки дар оянда хонда, духтур мешавам ва модарамро табобат мекунам. Он кас як лабханд карда гуфтанд:

ҲАМЧУНИН:, ХОНЕД:

НАДОМАТ (ҚИСМИ 3)

- Агар бо дониши худат дохил шуда тавонӣ, иҷозат! Ман пули шартнома намесупорам.

Пас аз ин ҳарфи падар, ки иҷозатномаи ман буд, сахт ба хондан шурӯъ кардам ва мактабро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, ба Коллеҷи тиббӣ дохил шудам.

Ман дар як деҳаи дурдаст ба дунё омада, ба воя расида будам ва Коллеҷҷи тиббӣ дар маркази вилоят буд. Тобистони дароз дар замин бо падарам кор карда, роҳпулиямро ҳалол карда гирифтам Дар хобгоҳ ҷойгир шуда, ба хондан оғоз кардам. Байни ҳамкурсонам камбағалиам аён буд, зеро либосу пойафзолу сумкаам хеле арзонбаҳо буданд. Дар ҳусну дониш бошад, аз бисёриҳо бартарӣ доштам.

Падару модарам ҳамеша таъкидам мекарданд, ки нашаваду сарашонро байни мардуми бегона хам кунам. Бародаронам низ ҳар гоҳи хабаргирӣ рафтанам, инро ба ман гӯшзад мекарданд.

 

Зиндагӣ бар гардан афтодаст…

Чун ба курси дуюм гузаштам, хостам ғайри идрорпулии донишҷӯӣ барои худам манбаи даромаде пайдо намоям. Ба беморхонаи маркази вилоят рафтам ва назди сардухтур даромада, аҳволамро нақл намудам.

Ин марди сарсафеди меҳрубон бароям кор ёфт. Ман ҳам фаррошӣ мекардам ва ҳам назди дари даромадгоҳ навбатдор меистодам, албатта баъд аз дарс. Акнун кам-кам сару либосам ҳам дигар шуду сумкаву пойафзолам низ. Ҳамкурсонам шӯхӣ мекарданд, ки оё ягон домоди серпул ёфтаам, ки ин қадар фасон шудам?

Сардухтур маро мисли духтараш дӯст медошту ҳамеша ёрдамам менамуд. Дар курси сеюм аллакай хоҳари шафқат шуда кор мекардам.

Ҳолати модарам вазнинтар шуд. Духтурон дар гурдааш омосро ташхис намуданд. Ӯ қариб роҳ рафта наметавонисту рангаш мисли гули зардак зарду заъфарон буд.

Ман ӯро бо маслиҳати сардухтур, ки мисли падар раҳнамоям буд, барои табобат ба маркази вилоят овардам. Аҳмад Шариф аз пойтахт урологи машҳуреро даъват кард. Профессор гуфт, ки агар модарамро дер накарда, ба Исроил барои табобат барем, аз дард раҳоӣ меёбад.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД