Вақте ки зери садои карнаю сурнай арӯсу домодро ба хонаи бахт гусел мекарданд, аввалин саволе, ки хешовандони арӯс ба наздикони домод медоданд, ин буд:
-Чаро домоди шумо ин қадар мегиряд?!
Пайвандони домод ҳама ба як овоз мегуфтанд:
-Домодамон аз хушҳолӣ мегиряд!
Лекин ашкҳои беохири Ҳорун ҳеҷ ба ашки шодӣ монандӣ надошт ва касе ҳам нафаҳмид, ки чаро домод ашк мерезад. Чаро дар бари арӯсаки нозанин, ки дасти худро ба дасташ додаасту дар бараш қадам мегузорад, аз шодӣ намешукуфаду мотамзада гом мегузорад. Модари Ҳорун низ ҳангоми ба хонааш қадам гузоштани наварӯс писарашро сахт ба оғӯш гирифта, гиря кард. Ба хонаводаи арӯс бошад, тамошои ин қисмати филм ҳеҷ хушоянд набуд. Ҳама яку якбора сар хам карда, ба дунёи хаёлот ғута заданд. Дар миён зане аз ҳамсояҳои домод оҳистакак ба гӯши яке аз пайвандони арӯс гуфт:
-Ҳайрон нашавед! Бечора домодамон ба наздикӣ падарашро аз даст додаасту барои набудани падараш мегиряд.
Ин хабар дар миёни пайвандони арӯс зуд паҳн шуд. Онҳо андаке ба худ омада, барои домоду модараш дилашон сӯхт ва дигар ба гиряҳои домод аҳамият надоданд. Арӯсро барои дар ғами шавҳараш шарик шудан насиҳат карданду бо ҳамин хайрухуш карда рафтанд. Аз байн чанд рӯз гузашт. Ҳорун нисбати Оиша хеле меҳрубон буду аҳли оилааш аз ӯ дида, меҳрубонтар буданд. Рӯзе Оиша ба кору бори хона машғул буд, ки телефони хушдоманаш садо дод. Модари Ҳорун аз саҳни ҳавлӣ гуфт:
-Духтарҷон, ҳамон телефонамро биёр! Мабодо хусурат набошад, ҷавоб надодед гуфта, ҷанҷоламон кунад!
Оишаро аз шунидани ин ҷумлаҳо ранг дар рӯяш намонда, пойҳояш суст шуданд. Лекин чизе нагуфта, телефонро бурда ба хушдоманаш дод. Дар дил худрову аҳли оилашро гунаҳгор мекард, ки чаро дурусттар насанҷида, ӯро ба чунин ҷавон хонадор карданд. Ҳамин тавр, рӯзҳо гузаштанду Оиша ҳомиладор шуд. Вақте ба Ҳорун хабар доданд, ки тифли батни Оиша писар аст, Ҳорун боз гиряи сахте кард. Оишаро дигар тоқат намонда, худӣ ҳамон шаб ба Ҳорун гуфт:
-Ту чаро ин қадар гиря мекунӣ?
Ҳорун гуфт:
-Аз оне, ки гузаштаи маро аз дигаре мешунавӣ, аз забони худам шунавӣ, хубтар аст. Чанд сол қабл ба хонаи марди номдоре ба хостгории духтараш рафтем. Духтаракро ба ман нишон доданд. Ӯ қоматбаланд, сафедрӯй ва чашмони обӣ дошту ба ман хело маъқул шуд. Оилаашон ҳам ба тӯй розигӣ доданд. Рӯзи тӯямон вақте ба назди арӯс даромадам, ҳангоми гулро ба ӯ дароз карданам, рӯяш бо чодар пӯшонида шуда буд. Ман гуфтам:
-Чодарашро бардоред!
Лекин хонаводаи онҳо ба як овоз гуфтанд, ки мо эшон ҳастему барои мо иҷозат нест, ки арӯс бо рӯйи кушода ба хонаи домод равад. Ман ҳам барои эҳтироми онҳо дигар чизе нагуфтам. Арӯс дар дохили мошин дарақ-дарақ меларзид. Ман ҳам шарм медорад гуфта, ба сӯяш ҳатто нимнигоҳе накардам. Лекин дилам пур буд, ки бо духтараки хушкардаам оиладор шудааму аз шодӣ наздик буд, ки бол бароварда, парвоз мекардам. Бо худам мегуфтам: “Бечора духтарак хело ғам хӯрдааст, ки дар як муддати кӯтоҳ ин қадар лоғар шудааст”. Ҳамин тавр, арӯсамро бо як дунёи пур аз хаёлоти ширин то таги чодар ҳамроҳӣ кардаму бо ҳамин бори охир хандидам. Замоне, ки модарам чодари арӯсро аз сараш бардошт, зери чодар як духтараки лоғари сиёҳаки биникалону қадаш паст қарор дошт. Бо дидани чеҳраи ӯ дар ҷоям шах шудам. Баъд аз чанде ба худ омада, хостам фарёд зада, ӯ ва меҳмононашро аз дар берун кунам.
Ногаҳон сахт ба оғӯш гирифтани модарам хашми маро пасттар намуд. Ӯ бо садои гиряолуд ба гӯшам гуфт:
-Ҳорунҷон, ором бош! Ба хотири ман, ором бош!
Ман низ ба хотири модарам то тамом шудани тӯй хомӯш мондам. Модарам бо чашмони тар то пагоҳ меҳмононро меҳмондорӣ карда, гусел карду ба модари духтарак гуфт:
-Ба падараш хабар диҳед, биёяд!
Лекин модари арӯс дар пеши пойи модарам афтода, гирякунон гуфт, ки агар шавҳарам аз ин кор бохабар шавад, хонаам вайрон мегардад. Ман бошам, дар ҷавоби вай фарёд мезадам:
-Хонаи ман чӣ мешавад?! Орзуҳои маро барбод додед! Ман ин дурӯғи шуморо намебахшам! Духтаратонро аз ин ҷо гирифта баред!
Модари арӯс тавалло намуд, ки духтараш то се моҳ истад, баъд метавонем ӯро ба хонаашон бурда, ҷавобашро диҳам. Дилам ба ҳоли зори ин модар сӯхту ба хоҳишҳояш розӣ шудам. Онҳо рафтанд. Ман бошам, занамро чашми дидан надоштам. Ҳатто намепурсидам, ки духтареро, ки ба ман нишон додед, куҷо шуд, чаро туро ба ҷояш арӯс карданд. Бо дӯстонам шабҳо мегаштаму ҳафтаҳо ба хона намеомадам. Як шаб шаробро бисёр нӯшидаму модарам аҳволамро набинад гуфта, ба хонаи хоби худам даромадам.
Субҳ вақте ба худ омадам, занам бо алам мегирист. Намедонистам, ки шаб чӣ бераҳмие нисбаташ раво дидаам. Баъди хеле гиристан гуфт:
-Намедонам барои кадом гуноҳам Худованд маро зебо наофарид. Модарам бо фиребу найранг апаи зебоямро ба ту нишон дода, баъд ба як оилаи сарватманд ба шавҳар дод. Маро маҷбуран оварда, бо вуҷуди оне ки ту маро қабул накардӣ, аз таҳқирҳои мардуму шарманда шудани худаш тарсида, ба оғӯши туи золиму бераҳм партофта рафт. Занам дигар мадори гиря кардан надошту бо алам сарашро дар пояи кати хобамон зада мегуфт:
-Охир ман чӣ гуноҳ кардам, ки ту зебо нестӣ гуфта, ин қадар таҳқирро нисбатам раво диданд?!
Намедонам аз чӣ буд, ки дили ман ҳеҷ ба гиряҳояш намесӯхт. Шояд сабаби тамоми нафрати ман дурӯғи волидони ӯ буд, ки қасди онҳоро аз духтарашон мегирифтам. Ҳамин тавр, ман ӯро бо хурсандӣ ба хонаи падару модараш бурда, ҷавобашро додаму худи ҳамон шаб чипта харида, ба Русия парвоз кардам. Баъд аз чанд моҳ хушдоманам ба ман занг зада гуфт, ки писардор шудаам. Кӯдакро қабул карда, ҳар моҳ барояш пул равон мекардам, то замоне ки ҳафтсола шуд. Лекин танҳо бо телефон ҳамроҳаш суҳбат мекардаму ваъда дода будам, ки ҳангоми ба синфи як рафтанаш меоям.
Ба бибияш пул равон кардам, ки ба ӯ либоси мактабӣ харида диҳанд. Онҳо либосро харида, ба писарам пӯшониданду аксашро ба ман равон карданд. Вақте ба ӯ занг зада, табрик карданӣ шудам, писарам сахт гиря карда, гуфт, ки чаро ба ваъдаам вафо накардам. Як илоҷ карда, ӯро ҳамон шаб ором кардаму барои гиряҳояш то субҳ хобам набурд. Худи ҳамон рӯз чипта харидам. Вақте ки дар мағоза барояш туҳфа мехаридам, ба тилфонам паёмак омад, ки “Ҳорун писаратро дар роҳи мактаб мошин задааст, зудтар биё”. Ман дигар чӣ гуна ба ҷаноза омаданамро намедонам. Танҳо сахттарин лаҳзаи ҳаётам ин буд, ки писарамро бо кафани сафед ба дастам доданд. Кафан оҳиста-оҳиста сурх мешуд ва мегуфтанд, ки хунаш дигар намеистад, зудтар ба хок гузор. Ҳарчанд мегуфтам, ки ман аз ӯ ҳанӯз сер нашудаам, лекин дигар суде набуд.
Баъди марги ҷигарбандам дарк намудам, ки ин ҳама бо айби худам сар зад. Ман бояд дар муқобили бадии одамон некӣ мекардам, вале накардам. Билохира, баъд аз гиряҳои беохири модарам маро бо ту хонадор карданд. Ҳамин аст сарнавишти ман ва сабаби то ба имрӯз ба ҷои шодӣ гиря карданам.
Хандазеби.......