Sebiston new 2024 october
Доми макри марди дузана Қисми 1
03.02.2024
Зарина
1913

 

Маҳваш кӯдаконашро хобонида, ба айвон гузашту тирезаҳоро кушода ба берун чашм дӯхт.

Дар тамоми хонаҳо чароғҳо фурӯзон буду зиндагӣ ҷӯш мезад. Аз дидани чароғҳои фурӯзон ашк дар дидагони Маҳваш ҳалқа зада, худ ба худ андешид:

-Ҳамаи занҳои хушбахт ин лаҳза бо шавҳару фарзандонашон нишаста, хандаву шӯхӣ мекунанд. Ман бошам, бо фарзандонам ҳар шом дар танҳоӣ дастархон мекушояму хӯроки бомазаи тайёркардаам аз гулӯям намегузарад. Орзу мекунам, ки шавҳарам назди фарзандон бошанду бо онҳо ҳазлу шӯхӣ кунад вале…

Эҳ Собир, Собир! Охир чаро маро бадбахту дар нимароҳи зиндагӣ сарсон намудӣ!? Маҳваш тирезаро пӯшиду ба назди ҷевони либосҳо омад. Аллакай либосҳояшро ҷамъ карда буд, вале дилаш ба фиғон омада дард мекард. Албоми суратҳои арӯсиашонро гирифту ба чашм молид. Арӯсу домод дар аксҳо чунон хушбахт буданд, ки…

Маҳваш бо Собир дар зодрӯзи дугонааш шинос шуда буд. Бо як дидан ба якдигар ошиқи шайдо шуданд. Собир дар бораи худ нақл карда гуфт, ки як сол пештар аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Ишқаш самимӣ менамуд, ба қавле Маҳвашро рӯи даст бардошта мегашт. Модару апаашро пас аз муддате ба хостгорӣ фиристод. Модару апааш тавре ҳарф заданд, ки волидони Маҳваш ба самимияти ишқи Собир бовар карданд. Тӯй дар тарабхонаи бошукӯҳе баргузор гардид.

Маҳваш худро хушбахт эҳсос мекард, то он рӯзе ки ба хонааш зане занг зад. Маҳваш гӯшакро бардошта, аз зани ношинос, ки Собирро суроғ дошт, пурсид:

-Шумо кистеду ба Собир чӣ кор доред?

-Ман зани Собир,- Маҳвашро гӯё барқ зад.

-Ман нафаҳмидам?-бо андешаи он ки касе ба вай ҳазл карданист,-гуфт Маҳваш.

-Мефаҳмӣ-да… ман занаш мешавам. Мо шаш духтар дорем,- бо зарда хитоб кард зан.

-Чӣ…-гӯё ин дам алангае афрӯхта гардид дар дили Маҳваш. Ӯ боисрор аз зан талаб кард, ки ба фалон нишонӣ биёед то онҳо бо ҳам мулоқот карда, ҳақиқатро рӯйи об бароранд.

Бо ҳазор фикру андеша ва ҷалби аз оташи рашк сӯзон Маҳваш ба ҷои таъиншуда омада, зани тахминан 40-45-солаи ситорагармеро дид.

-Шумо Маҳваш?- Пурсид зан, ки нафрат аз чашмонаш меборид.

-Бале. Шумо…,-Маҳвашро забонаш намегашт, ки зани Собир гӯяд. Онҳо хомӯшона ба хонаи Маҳваш омаданд. Маҳваш ба олами ғазабу нафрат ғӯтавар, намедонист суханро аз чӣ оғоз кунад.

-Шумо медонистед, ки мо панҷ сол боз бо Собир зану шавҳарем?-пурсид аз кундошаш худро бо азоб ба даст гирифта.

-Не, намедонистам,-сар ҷумбонд зани Собир.

-Собир ҳамеша шабҳо дар ин ҷосту назди шумо намеравад. Магар пайхас накардед, ки вай зан дорад.

-Собир ҳамеша мегуфт, ки кораш шабона асту наметавонад ба хона биёяд,-шарҳ дод зан.

-Аз ин бармеояд, ки рӯзона ӯ ҳамеша ба назди шумо мерафтааст? –саволомез ба кундошаш нигарист Маҳваш.

-Ҳа, рӯзона дар соатҳои бекориаш Собир дар хона аст, -тасдиқ кард палонҷаш.

Маҳваш дигар чизеро донистан намехост. Оташи рашку алам вуҷудашро фаро гирифта буд. Вай рақами мобилии Собирро гирифта гуфт:

-Гуш кун, Собир. Зуд ба хона биё, фишори хунам баланд шудааст. Ба беморхона рафтан лозим. Собир баъди 15 дақиқа расида омад. Ӯ, ки чунин ранг гирифтани воқеаро интизор набуд, хандон аз дар даромада гуфт:

-Ҷони ман, ба ту чӣ шуд? Аммо дар хона зани аввалаашро диду дар ҷояш шах шуда монд. Дар ҳоле, ки аз ғазаб меларзид, сӯйи занаш теғ кашида нигаристу хитоб кард:

-Ҳа ҳайвон, дар ин ҷо чӣ гум кардаӣ?

-Туро,-сар ба зер афканда, оромона посух дод зан.

Маҳваш, ки рафтори Собиру занашро оромона назора мекард, ба шавҳараш рӯ оварда гуфт:

-Собир, маро оромона гӯш кун, дигар ҳоҷат ба баён нест. Ана занат, боз шаш духтар доштаӣ. Назди зану фарзандонат рав. Бачаҳоямро ман худам, бе кӯмаки ту ҳам тарбия кардаву ба воя расонида метавонам. Ҷавоби маро деҳ!

Собир ба Маҳваш гунаҳкорона нигариста, сипас ба зан бонг зад:

-Пеш даро! Бо ту ман дар хона гап мезанам.

-Аввал ҷавоби маро деҳ,-исрор кард Маҳваш, вале Собир хомӯшона занашро пеш-пеш карда, аз дар баромаду ҳангоми рафтан гуфт:

-Ман туро дӯст медорам, Маҳваш маро барои дурӯғҳоям бубахш. Ман зуд гашта меоям.

-Биёву рӯзата бин!-хитоб кард Маҳваш ва дарро шараққосзанон пӯшид.

 Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД