Тангаи якдоллараи нуқрагӣ бо номи "Мӯйҳои парешон" дар музоядаи Лондон бо қимати беш 10 000 000 доллар гузошта шуд.
Сабаби гароннархиашро коршиносон дар он медонанд, ки ин аввалин доллари сикказада мебошад.
Тавре зикр мешавад, дар як тарафи танга зане бо мӯйи парешон тасвир ёфтааст, ки он рамзи озодист. Дар тарафи дигараш уқоб дар иҳотаи шохаҳои зайтун ҳаккокӣ шуда, ки яке аз рамзҳои намоди ИМА ба ҳисоб меравад. Тарроҳи доллари нуқрагин наққоши маъруф Роберт Скотт мебошад. Арзиши он дар канори танга муҳр зада шудааст: HUNDRED CENTS – ONE DOLLAR OR UNIT. Ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 200 танга боқӣ мондааст, ки он ҳам дар дасти сиккашиносон мебошад.