Як муҳоҷири тоҷикро барои латукӯби кӯдаки ноболиғ аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ намуданд. Гуфта мешавад, ки Додов ба чаккаи сари як писарчаи 11-солаи рус зада, кӯдакро маҷбур кардааст, ки бо писари ӯ занозанӣ кунад.
Дар ин бора шабакаи телевизионии ТВ-Царград дар такя ба маълумоти маркази матбуоти суди шаҳрӣ дар шабакаи иҷтимоии Вконтакте vk.com хабар додааст.
Сабаби ба сари писарчаи ноболиғ даст бардоштани марди баркамол маълум нест, вале суди Красногорск барои зӯрварӣ нисбати кӯдак ин муҳоҷири тоҷикро бо аҳли оилааш “депортатсия” кардааст.
“Як муҳоҷири тоҷик бо насаби Додов барои ба чаккаи сари як кӯдаки 11-сола задан аз ҷониби суди Красногорс аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда мешавад. Суд ба хулосае омад, ки аҳли оилааш низ ҳамроҳи ин мард бояд қаламрави Россияро ҳарчи зудтар тарк намоянд”,-навиштааст манбаъ.
Ба ин оилаи муҳоҷир ҳамагӣ ду ҳафта вақт дода шудааст. Онҳо вазифадор ҳастанд, ки дар ин муддат аз хоки Россия берун шаванд. Гуфта шудааст, ки дар баробари депортатсия шудан ин муҳоҷири тоҷик ҳамчунин ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.
Ҳамзамон нисбати ин муҳоҷири тоҷик барои латукӯби кӯдак бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
“Замоне, ки бо чунин муҳоҷирони муштзӯр корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарониданд, кайҳо гузашта рафт. Акнун ба муҳоҷироне, ки дар дил нисбати мардуми рус кинаву адоват доранд, танҳо ба як тараф чиптаи ҳавопаймо дода шуда, онҳо аз қаламрави Федератсияи Россия депортатсия карда мешаванд”,- навиштаанд нашрияҳои русӣ.