Кормандони милитсия як марди 55-солаи зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро барои латукӯби бераҳмонаи ҳамсари бародараш, ки боиси марги зан гаштааст, боздошт намудаанд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додаанд.
Ҳодиса рӯзи 16-уми феврал рӯй дода, байни ин марди 55-сола ва зани 46-солаи бародараш моҷаро сар задааст. Дар рафти муноқиша мард ҳамсари бародарашонро бо термос чунон бераҳмона задааст, ки зан бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш пас аз 6 рӯз дар беморхона ба ҳалокат расидааст.