Ман зодаи ноҳияи Ёвон ҳастам. Айни ҳол дар Варзоб, дар хонаи марде, ки аз худам 30 сол калон аст, зиндагӣ мекунам. Ҳамагӣ 30 сол дорам, аммо шавҳарам 61- сола аст.
Падару модар, ки надоштам, маро тағоям ба камол расонида, ба ин марди калонсол бар ивази замину ҳавлии калон маҷбурӣ дод. Муддати 11 сол бо ин пирамард зиндагӣ кардам, аниқтараш сабр кардам, чунки ҷойи рафтан надорам. Маҷбур ба ҳама пичингу таънаи муйсафеди бӯгин тоқат мекунам. Мӯйсафед рӯз ба рӯз аз ақл бегона шуда, маро бо асои дасташ мезанад.
Агар садои кӯдаконам баланд барояд, маро зери шиканҷа гирифта, чӣ азобу ситамҳое намедиҳад. Борҳо қасди худкушӣ намудам, вале се писарчаи нозанинам пеши назарам пайдо шуда, маро аз ин фикри бад раҳо намуданд. Мӯйсафед дар давоми чанд соли зиндагиямон мудом таъна мекунад, ки тағои ту як умр аз ман қарздор аст, агар ҳозир баромада равӣ, хонаву ҳарами тағоятро кашида мегирам. Ин хабар ба гӯши тағоям расид ва шоме меҳмони мо шуда, маро дар назди мӯйсафед таҳқирҳои зиёд карда гуфт, ки агар то рӯзи буданаш хизмати мӯйсафедро накунам, маро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда, бурда ба бесоҳибхона мепартояд. Аз гапҳояш ба даҳшат омада, тасаввур кардам, ки бе фарзанд зиста наметавонам. Лаб зери дандон гузошта, ба ҳама суханҳои дағали мӯйсафед тоқат дорам. Боварӣ дорам, ки сабр маро намекушад, вале як чиз маро сахт нороҳат кардааст. Писари 8-солаам борҳо ба ман мегӯяд, ки “оча, биё аз хонаи мӯйсафеди бад баромада равем”, вале ба даҳонаш якто зада гуфтам, ки сухани тағоятро фаромӯш карда бошӣ, майлаш меравем. Писаракам тобу тоқати дидани ҷанги ману падари пирашро надорад ва баробарам ғам мехӯрад.
Хонандагони азиз, ҷангу ҷанҷоли ин пирамарди ҷаллод дар ҷонам задааст. Фарзандонам низ аз чунин зиндагии сагона ҷонашон ба лаб расидааст. Чӣ кор кардану ба куҷо рафтанамро намедонам. Аниқтараш ҷойи рафтан надорам, ин мӯйсафеди албастӣ бошад, дар ҳар шишту хезам маро таъна карда, гирён мекунад.
Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Салима