Sebiston new 2024 october
ДОД АЗ ДАСТИ ЛӮЛИҲОИ КИССАРӮБАК
12.09.2020
Р. Азимӣ
1789

 

Донишҷӯ ҳастам. Дар донишгоҳи миллӣ таҳсил мекунам. Ҷӯгиҳое, ки бо бачаҳояшон дар “Ҷазира” бо гадоӣ машғуланд, ҷони мо, донишҷӯёнро ба лабамон овардаанд, махсусан кӯдакони лӯлӣ ончунон хира в шилқинанд, ки ногуфтанӣ.

Ин бачаҳои сиёҳҷӯрда садақаталабон ҳар як донишҷӯро думболагирӣ намуда, қариб то дохили факултаҳо мераванд. Лӯлибачаҳо мо, донишҷӯёни камбағалро чунон ҷонбезор мекунанд, ки студенти бечора қиссаи холиашро такорӯ карда, охирин дирамҳояшро бароварда медиҳад, то ҷонаш халос шавад.

Чанд рӯз пеш аз шаҳраки донишҷӯён ба тарафи бинои марказӣ равон будам, ки ду лӯлича пайдо шуда, садақа талабиданд. Аҳамият надода роҳамро идома додам. Лӯлидухтарҳо аз ду паҳлӯям рост шуда аз пойҳоям чунон сахт доштанд, ки қуввати ҷунбиданам намонд. Ростӣ, ғайри роҳкиро дигар дар киссаам ягон тин набуд. Ноилоҷ монда пули охиринамро ба лӯлиҳо додам. Онҳо як хислати бад доранд, касеро шинохта кунанд, ҳар рӯз думболагираш мекунанд.

Мани сода як маротиба пул дода, маззахӯракашон кардам, акнун аз дасти лӯлиҳо рӯз надорам. Ҳар саҳар вақти ба дарс рафтан маро ғам мегирад, чунки то як- ду сомонӣ надиҳӣ, аз лӯлиҳои хира халос намешавӣ. Аз санҷишу имтиҳонҳо ҳам, азоби лӯлиҳо бароям мушкилтар гаштааст. Лӯлиҳо натанҳо ман, балки дигар донишҷӯёнро низ чунин ҷонбезор кардаанд. Наход ягон роҳи аз лӯлиҳо наҷот додани донишҷӯён набошад?!

Зафар, донишҷӯи ДМТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД