Arzon march 2024
Дод аз дасти келини телефонбоз!
2352


Ман марди 57-солаи шаҳрӣ ҳастам. Бо занам муддати 30 сол умр ба сар бурда бошем ҳам, боре миёнамон ҷангу ҷанҷол ё нофаҳмӣ сар назада буд.

Чунки завҷаи ман хеле хислатҳои наҷиби инсонӣ дошт, чор фарзандро тавре ба воя расонид, ки боре ягон рафтори ноҷояшонро надидему аз рӯяшон гапи бад нашунидем. Вақте навбати оиладоркунии писари кенҷагӣ расид, писарам бо як духтари ҳамкораш, ки якдигарро дӯст дошта буданд, издивоҷ намуд. Дар ин ҳангом завҷаи зебову порсоям гирифтори бемории саратон шуда буд. Келинам аз рӯзҳои аввал эрка буданашро ба мо нишон дода, дасташро ба оби хунук намезад. Завҷаи беморамро ману духтарам нигоҳубин мекардем. Келин гӯё аз хушдомани бемор ҳазар мекарда бошад, тамоман ба утоқи хобаш намедаромаду рӯзи дароз кораш бо телефон гап задан буд.

Ҳар боре, ки ман ба ғазаб меомадам, завҷаам аз ман хоҳиш менамуд, ки ба келин кордор нашавам. Рӯзе ҳангоми дар хона касе набудан ҳолати завҷаам бад мешаваду аз келин хоҳиш мекунад, ки барои қай карданаш сатил биёрад.

Баъди ин ҳодиса келинам дар ҳама ҷо худашро таъриф карда мегуфт, ки хушдомани беморашро худаш нигоҳубин мекунад. Боре барои телефонбозияш ӯро сарзаниш кардаму келини эрка қаҳр карда, ба хонаи модараш рафт ва дар назди писарам шарт гузошт, ки хонаву дари алоҳида гирифта, зиндагиашонро ҷудо кунанд. Писарам дигар ба қилиқҳои занаш тоб наоварда, бо вуҷуди як фарзанд доштанаш ҷавобашро дод. Дар ин миён завҷаам низ баъд аз бемории тӯлонӣ вафот кард. Ҳоло писарам ба фарзандаш алимент медиҳаду гоҳе набераамро ба хонаамон меорад, вале аз дидани он ки писараш тамоман тарбияи дуруст надорад дилхун мешавад. Сабаби ба ҳафтанома нома навиштанам ҳамин аст, ки бигзор номаи ман ба дигар ҷавонон дарси ибрат шаваду ҳангоми оиладоршавӣ шитоб накунанд. Як хатои ҷавонӣ умре ба зиндагиатон латма мезанад.
М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Садафмох 2023-11-07, 09:05
Айба нмедони мардаки по ба лаби гур гайбати келина мекуни? Читари мардаки? Занакфеьлит Кати хонаи бачата вайрон карди, Кам буд, ки боз гайбати наберата сар карди? Номи мардака паст карди. Худо нигах дорад келини ту брин мокмичоз шудан. Одам дар хамсоягии ту брин одам зиндаги кардан метарсад, вой бар холи келинат. Мардак нашуда мур, ношгрии ту брин мардак, рут сиех!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Садафмох 2023-11-07, 09:05
Айба нмедони мардаки по ба лаби гур гайбати келина мекуни? Читари мардаки? Занакфеьлит Кати хонаи бачата вайрон карди, Кам буд, ки боз гайбати наберата сар карди? Номи мардака паст карди. Худо нигах дорад келини ту брин мокмичоз шудан. Одам дар хамсоягии ту брин одам зиндаги кардан метарсад, вой бар холи келинат. Мардак нашуда мур, ношгрии ту брин мардак, рут сиех!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД